Ҷаласаи Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

Декабрь 16, 2021 10:49

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 декабр ҷаласаи X Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

 Дар ҷаласа намояндагони ҳамаи кишварҳои узви ИДМ – аъзои Шӯро: Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин кумиҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Ташкилоти заминавии  давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи китобдории Муассисаи давлатии федералии буҷавии «Китобхонаи давлатии Русия» иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шӯро, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон С.М. Холхуҷаев кушода, директори департаменти  ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ М.Е. Мискин сухан гуфт.

Иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳамкории байниминтақавӣ ва фаромарзӣ дар кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ намуда, иҷрои Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 ва нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи онро натиҷагирӣ ва лоиҳаи Консепсияи Форуми минтақаҳои ИДМ-ро муҳокима карданд. Инчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.

Раёсати Шӯро ба Ҷумҳурии Беларус гузашт.

                            АКС: АМИТ «Ховар»/хадамоти матбуоти Кумиҷроияи ИДМ

Декабрь 16, 2021 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад