Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 814 нафар ятимон кумакпулии моҳона мерасонад

Декабрь 2, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 02.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати  башардӯстона ва ятимпарваронаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тасмим гирифтааст, ки то охири соли равон ба 814 нафар ятимони то 16- сола кумакпулии моҳона расонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур дар доираи «Лоиҳаи дастгирии ятимон» бо сарпарастии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар асоси созишномаи ҳамкорие, ки миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст, ба ҳар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт (аз рӯи қурби асъори миллӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2021 553 сомониву 42 дирам) кумакпулӣ муқаррар шудааст.

Маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.

Рӯйхати ятимон, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд,  аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва муроҷиати шаҳрвандон бо  назардошти  шароити моддии онҳо тартиб дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҶҲАТ ба 642 нафар ятимони шаҳри Душанбе кумакпулӣ расонид, ки сари ҳар ятим дар як моҳ зиёда аз 504 сомониро ташкил дод.

Ҳамчунин соли 2020 ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Маркази хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кумакпулӣ ба маблағи 100 доллари ИМА расонд.

Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол миёни ҷонибҳо барои дар соли 2022 амалӣ намудани иқдоми мазкур гуфтушунидҳо идома доранд.

Дар маҷмӯъ, соли 2020 тибқи лоиҳаҳои дар ҶҲАТ оид ба дастгирии ятимон амалкунанда, ба 1142 нафар ятимон кумакпулӣ расонида шуд.

ҶҲАТ ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат саҳм  гузорад.

МАЪЛУМОТНОМА:

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) — созмони миллии башардӯстона мебошад, ки фаъолияташ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии тамоми ниёзмандон равона шудааст.

ҶҲАТ аз соли 1927 инҷониб бо доштани таҷрибаи хуби корӣ дар амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар аз ҷониби шарикон эътироф гардида, ҳамчун ташкилоти миллии устувор ва дорои шабакаи васеи волонтёрон, бахшҳову ташкилоти ибтидоӣ ва ҳамкории устувор бо ҷомеаи маҳаллӣ эътибори ба худ хос пайдо намудааст.

Иқтидори феълии ҶҲАТ (охири соли 2020) аз 69 бахш, 1048 ташкилоти ибтидоӣ, 7200 узв ва 8000 волонтёр иборат аст.

ҶҲАТ вазифаи асосии худро дар рушди ҷомеа тавассути ҷалби волонтёрон ва амалигардонии лоиҳаҳои хурд бо саҳми ҷомеаҳо мувофиқи барномаҳо мебинад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 2, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд