Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти маҷозӣ анҷом дод

Декабрь 9, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи  ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кумаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review-FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пурмаҳсул ва гуногунҷабҳаи ХБА ва БМТ, ки дар маҷмӯъ барои рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти равобити дуҷониба ва идомаи татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар иброз дошт.

«Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкории барои ҳарду ҷониб манфиатоварро ба роҳ монда, дар ин замина лоиҳаи кумаки техникии навро, ки маҳз бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувории суботи молиявӣ дастгирӣ ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Кумаки техникии мазкур барои рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи татбиқи ислоҳот ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, пешбурди  сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад»,- изҳор дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

Зикр гардид, ки Барномаи кумаки техникии Шарҳи суботи  бахши молиявии (FSSR) Хазинаи Байналмилалии Асъор аз соли 2017 шурӯъ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 24 давлати дунё ба дастгирӣ ва татбиқи он аз ҷониби ХБА комёб гаштааст.

Намояндаи ХБА Карлос де Баррос Серрао дар рӯнамоӣ аз раванди татбиқи лоиҳаи кумаки техникӣ оид ба баҳогузории бахши суботи молиявӣ бо компонентҳои асосии он, тақсимбандии хавфҳои бахши молиявӣ дар доираи матритса ва ба ин васила коҳиш додани хавфҳо ва идоракунии онҳо дар зинаҳои баъдӣ ба таври муфассал гузориш дод.  Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи аввал шарҳи бахши суботи молиявӣ омода гардида, нақшаи амал барои фаъолияти ҳайати навбатӣ омода мегардад. Татбиқи марҳилаи навбатӣ дар ҳайати васеъ, ки моҳи апрели соли 2022 дар назар аст, барои идомаи лоиҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни мулоқот ҷониби ХБА барои ҳамкорӣ дар доираи кумаки техникӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда изҳори омодагӣ карда, ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки зимни татбиқи барнома бештар ба масъалаҳои таҳкими заминаи сиёсати макропруденсиалӣ, воситаҳои таҳлили хавфҳо, аз ҷумла истифодаи модулҳои нави фишорсанҷиш ва такмили омори молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Ҷамолиддин Нуралиев зарурати татбиқи кумаки техникиро дар як самти муайян – тақвият бахшидани устувории суботи молиявӣ, ки самти нав маҳсуб меёбад, ба манфиати кор ва самарабахш арзёбӣ намуд. Шарҳи бахши суботи молиявӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои муайян намудани ҷанбаҳои ислоҳот ва мусоидат барои татбиқи онҳо ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ ва пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ имконият фароҳам меорад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколама дар доираи лоиҳаи мазкур баҳри рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид