Ҳавои ду рӯзи охири соли 2021 дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду рӯзи охири соли 2021 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.
Дар вилояти Хатлон ду рӯзи охири моҳи декабр ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+5 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, эҳтимоли фаромадани тумани тунук дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар ду рӯзи охири соли равон дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона 10-16 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилояти шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар қисмати шарқи вилоят шабона 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунук мешавад.
Ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 7+10 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз Дидор Саъдуллоев








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст






