Аз Екатеринбург ба Бохтар парвози мустақим оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Парвозҳо аз Екатеринбурги Русия ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар фурудгоҳи Колтсово оғоз гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигорон рӯзи душанбеи 13 декабр аз маркази матбуоти бандари ҳавоӣ хабар доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Ширкати ҳавоии Nordwind парвозҳои мустақими мунтазамро аз Фурудгоҳи байналмилалии Колтсово (аз ҷониби “Фурудгоҳҳои минтақаҳо” идора мешавад) ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон оғоз мекунад. Имрӯз ҳамчунин аз Колтсово бо се шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе хатсайрҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ шуданд», — омадааст дар хабар.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҳамаи шаҳрвандони тавассути хатсайрҳо ба Тоҷикистон воридшаванда талаб карда мешавад, ки маълумотномаи аксуламали занҷираи полимеразиро бо ташхиси манфии коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шудааст, пешниҳод кунанд. Аз кӯдакони то сесола маълумотнома талаб карда намешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






