Ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя воксинаи «AstraZeneca» ворид гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 30 ноябр ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя ваксинаи «Астра зенека» бо мақсади фарогирии сокинон ба ваксинатсия ворид карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
То ба имрӯз ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 намуд ваксина дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони кишвар қабул намудаанд.
Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сирояти коронавирус гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад. Аз ин рӯ аз сокинон даъват карда мешавад, ки барои гирифтани ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






