Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» штамми «омикрон»-и коронавирусро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар/. Табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк, доктор Ораш Алоӣ дирӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» кори анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро дар самти огоҳонидани мардум ва пешгирӣ аз Covid-19 дар замони хуруҷи ин беморӣ бисёр олӣ хонда, идома додани ин тадбирро мувофиқи мақсад шуморид.
Имрӯзҳо СУТ аз зуҳури штамми «омикрон»-и коронавирус бонги изтироб мезанад. Чуноне директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус мегӯяд, зуҳури штамми «омикрон»-и коронавирус далели он аст, ки то чӣ ҳад пандемия хатарнок аст ва то чӣ андоза инсоният имрӯз дар вазъияти мураккаб қарор дорад. Ба зикри мавсуф, пайдоиши намуди нав зарурати миёни давлатҳо бастани «созишномаи нав оид ба пандемия»-ро ба миён меорад.
Дар ин замина Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш иброз медорад, ки беҳтар аст чораҳои назоратӣ барои паҳншавии штамми «омикрон»-и коронавирус пурзӯр карда шаванд, аммо имкон дода нашавад, ки сафарҳои байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ боз қатъ шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон- узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон то чӣ андоза дар муборизаи навбатӣ бо ин беморӣ омода мебошад? Барои интиқол наёфтани ин вирус ба Тоҷикистон чӣ тадбирҳо рӯи даст гирифта шудаанд?
Ба ин ва дигар саволҳои марбут ба мавзӯъ директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Эмомалӣ Мирзозода дар барномаи навбатии «Дармон» посух мегӯяд.
Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, соати 09:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз Радиои «Ховар» дар мавҷи 101,5 FM бишнавед.