Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» мизи мудаввар баргузор гардид

Декабрь 7, 2021 17:04

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» намояндагони қариб 30 ташкилу фондҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди босуботи мамлакат ва таҳкими истиқлолияти энергетикиро  бо истифода аз истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза яке  аз самтҳои муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодию энергетикӣ қарор додааст.

Дар ҳамоиш Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути истифодаи захираҳои карбогидридӣ истеҳсол карда мешавад ва дар натиҷа ҳамасола ба атмосфера садҳо миллион тонна газҳои гулхонаӣ хориҷ мегарданд.

Истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ин самт метавонад ба маротиб чунин партовҳоро кам намуда, ба ин восита   вазъи экологиро низ дар минтақа беҳтар намояд.  Чунин муносибат ба тамоюлҳои ҳозираи ҷаҳонӣ оид ба беҳтар кардани иқлим ва мутобиқшавӣ  ба таъсири тағйирёбии он мувофиқ буда, борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баён гардидааст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз” ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, иншооти сохташавандаи НБО «Роғун» зинаи аввали силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш буда, садди он бо баландии 335 метр бунёд мегардад ва солона иқтидори истеҳсоли 14,4 млрд. кВт·соат неруи барқ дорад.

Илова бар ин, ҷиҳати идомаи корҳои сохтмонии иншооти НБО «Роғун» шурӯъ аз соли 2008 корҳои пешазшартномавӣ дар иншооти зерин; нақбҳои сохтмонии №1, №2, №3 ва корҳои барқарорсозии толори мошинҳо, толори трансформаторҳо барои ба истифода супоридани агрегатҳои аввали иншоот, инчунин нақбҳои нақлиётӣ, роҳҳо, инфрасохторҳои муҳандисӣ ва сохтмони хати интиқоли барқ 500 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқи 500 кВ-и “Душанбе” ба анҷом расонида шуда, корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён доранд.

Неруи барқе, ки оянда дар НБО «Роғун» истеҳсол мегардад, ба ғайр аз таъмин гаштани эҳтиёҷоти худӣ, мутобиқи созишномаҳои мавҷуда ба дигар кишварҳо тавассути системаҳои энергетикӣ дар ҳамбастагӣ бо системаи ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот карда мешавад.

Дар ҳамоиш ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ, мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб, муовини директори генералии Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, ноиби Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, директори минтақавии Бонки исломии рушд, директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, роҳбари намояндагии Барномаи рушди Британияи Кабир ва дигарон сухан гуфта, ба анҷом расонидани НБО «Роғун» — ро аз лиҳози стратегӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва кам кардани газҳои гулхонаӣ муҳиму мусбат арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки  иқтисодиёти ҷаҳон бо сабаби паҳншавии бемории сироятии Covid-19 давоми ду соли охир ба мушкилиҳои ҷидди рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин албатта, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи  манфӣ  расонида истодааст.

Бо назардошти омилҳои мазкур ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии лоиҳаи иншооти НБО «Роғун»  аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон, бе дастгирию кумакҳои шарикони рушд ва бонкҳои сармоягузор барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати дарозро талаб менамояд.

Вобаста ба ин тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шарикони рушд зарур шуморида шуд.

Дар маҷмӯъ иштирокчиёни ҳамоиш барои саҳм гузоштан дар бунёди иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2021 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст