COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 868 ҳазор воя ваксинаҳои зидди ин беморӣ ворид шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 декабр ба Ҷумхурии Тоҷикистон бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вояҳои ваксинаҳои мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба мамлакат ворид шуд.
Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ворид гардидани вояҳои ваксинаҳои мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 миёни сокинони кишвар мусоидат менамояд.
Аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону 118 ҳазору 210 нафар (53,5 фоиз) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3 фоиз) ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






