Дар ҷамъбасти маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ғолибони озмун муайян шуданд

Декабрь 13, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дафтари матбуоти раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ё хушунат эълон намуда буд. 10 декабр дар меҳмонхонаи «Суғдиён» ба ғолибони озмун Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Дар номинаи «Гузориш ва ё барномаи телевизионӣ» муҳаррири ШТР «СМ1» Муҳаббат Муродова мақоми аввал, муҳаррири ШТР «Азия» Фарзона Ҳодибоева ҷойи дуюм ва Меҳрангези Абдуаҳад зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар бахши матбуот Фарзона Муродӣ, хабарнигори рӯзномаи «Пайк», рӯзноманигори мустақил Мафтуна Исмоилова ва мухбири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд» Нодир Турсунзода мутаносибан мақомҳои ифтихориро касб намуданд.

Инчунин дар номинаи «Ролики беҳтарин» ғолибият насиби хабарнигори радиои «Тироз» Меҳрангез Охунова, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд Муҳайё Шарипова ва донишҷӯйи шуъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фараҳноз Набиева гардид.

Ғолибони озмунро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода бо туҳфаҳо сарфароз гардониданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи озмун аз муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси маводи марбут ба мубориза алайҳи хушунат, зӯроварӣ дар оила, гендер ва инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд, иборат буд. Ҳамзамон сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди қонунгузории кишвар доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки  бо қарори махсуси   СММ ҳамасола аз 25 ноябр то  10 декабр дар тамоми давлатҳо маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ»  доир шуда, бахшида ба он ҳамоишу ҷамъомадҳо баргузор мегарданд.

АКС: МИҲД-и вилояти Суғд

Декабрь 13, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид