Дар Анқара ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Анқара вохӯрии ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ — Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар вохӯрии мазкур вобаста ба ҳолати иҷро ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ, саноат ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба иттилоъ дода шуд.
Зикр карда шуд, ки дар ҳошияи сафари мазкур ва ҷиҳати иштирок дар маросими 748-солагии маросими «Шаби Арӯс» (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) дар шаҳри Қуния Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки то ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки соли 2022 дар шаҳри Анқара ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаҳои кории фосилавии Комиссияро дар шакли ҳузурию маҷозӣ баргузор намоянд.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия









Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






