ДАР АРКТИКА БАР АСАРИ ТАҒЙИЁБИИ ИҚЛИМ ЯК НИМҶАЗИРА ҚАРИБ ПУРРА АЗ БАЙН РАФТ. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан ҳушдор дода буданд

Декабрь 7, 2021 12:48

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи миллии  «Русская Арктика»  нимҷазирае, ки бо димоғаи Месятсев ба охир мерасад,  аз байн рафтааст. Қаблан он дар ҷазираи Ева-Ливи архипелаги замини Франс Йозеф ҷойгир буд, аммо соли 2017 ҷудо шуда, нимҷазираро ташкил дод. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ин бора имрӯз роҳбарияти боғ хабар дод.

Нопадид шудани нимҷазираро тадқиқоти нави дастгоҳҳои бесарнишин тасдиқ кард. Акнун ба мутахассисон лозим меояд, ки ба харитаҳои ноҳия бо назардошти маълумоти нав тағйирот  дароранд.  Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки нимҷазира ҷинси геологӣ набуда, балки пиряхи азим мебошад. Ҳоло, вақте ки он қариб тамоман об шудааст, дар мобайнаш гулӯгоҳи васеъ бо масоҳати 3 километр ба вуҷуд омадааст. Аз он танҳо як пораи пиряхе боқӣ мондааст, ки дар рӯи пастхамӣ қарор дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор нисбат ба ин мушкилот ҳушдор дода буданд.

«Имрӯз мо обшавии босуръати яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида мекунем. Чунин тағйирот дар пиряхҳои заминӣ низ ба вуқӯъ мепайванданд», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон намуданд.

Сарвари Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. «Обшавии калонтарин пиряхи наздисоҳилӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи барҷастаи ин аст», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр  коҳиш ёфта, масоҳаташ то 44 километри мураббаъ кам гардидааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ба СММ пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва  санаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад.

      АКС аз бойгонии шахсии муовини директори Боғи миллии  «Русская Арктика», номзади илмҳои биологӣ М.В.Гаврило

Декабрь 7, 2021 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст