Дар Душанбе доир ба сайёҳии ҷамоавӣ чун самти афзалиятноки рушди соҳа дар Тоҷикистон машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ташкил гардида, дар он намояндагони бахшҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар машварат муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар бораи тиҷоратигардонии имконияти бештари сайёҳӣ ва тарғиби анъанаҳову ҳунарҳои мардумӣ сухан намуд.
Аз ҷониби намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ мавзӯъҳои нақши туризми ҷамоавӣ дар рушди миллӣ, иқтидори сайёҳии ҷамоавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷолибият, фоида, бозори хидматрасонӣ ва рушди сайёҳӣ дар маҳалҳо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки тавассути чунин омӯзишҳо иштирокчиён бо нозукиҳои муносибат ва муошират бо меҳмонону сайёҳон ва пазироии онҳо шинос гашта, донишу маърифати хешро баланд мебардоранд. Аз тарафи дигар, иштирокдорон донишу малака ва маҳорати хешро дар маконҳои зарурӣ зимни фаъолияти кориашон мавриди истифода қарор медиҳанд.
Иштирокдорони ҳамоиш саволу ҷавоб намуда, пешниҳодҳои худро дар мавриди баланд бардоштани саҳми саёҳати ҷамоавӣ манзур карданд.
АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва садои ҶТ










Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






