Дар Душанбе оид ба арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди он ҳамоиш доир шуд

Декабрь 2, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар». Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамои рушд» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои бонкӣ, соҳибкорон ва намояндагон бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Зимни оғози ҳамоиш Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ мақсади ҳамоишро таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки «соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани имконияти буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз  Ҳукумати мамлакат ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишварамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст»,-афзуд Х. Зиёӣ.

Тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд доллар ё 46,3 фоизи маблағҳои пешбинишуда рост меояд, ки ин далели возеҳи аҳамияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар 9 соли оянда мебошад. Ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсияи имконияти шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои умда қарор доранд.

«Имрӯз барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ қариб 110 номгӯй  имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра риоя намоянд. Танҳо соли 2020 ҳаҷми имтиёзу сабукиҳо ба рушди субъектҳои соҳибкорӣ пешбинигардида ба 39 млрд сомонӣ расида, нисбат ба солҳои 2016-2018 тақрибан 62 фоиз зиёд мебошад»,-изҳор медорад Х.Зиёӣ.

Инчунин дар ҳамоиш масъалаҳои арзёбии фазои соҳибкорӣ аз рӯйи соҳаҳои фаъолият, масъалаҳои дастрасӣ ба захираҳои қарзию молиявии имтиёзнок, масъалаҳои андозбандӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта дар ин самт, монеаҳои маъмурию сунъӣ ва дигар маҳдудияти рушди фаъолияти соҳибкорӣ, дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯраев зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар доираи дастгирӣ ва амалинамоии тадбирҳои фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муҳим, бахусус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд. «То имрӯз якчанд ислоҳот амалӣ гардидаанд, аз ҷумла ислоҳот дар соҳаи пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, равзанаҳои ягона дар соҳаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, вобаста ба пардохтҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин вобаста ба пардохтҳои бонкӣ ва умуман якчанд ислоҳоте гузаронида ва татбиқ шуда истодаанд, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. Ва таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон барои минбаъд истифода бурдани имконияти технологию электронии бештар дар ҷумҳурӣ хеле муҳим мебошад»,-мегӯяд ӯ.

Бо бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироа намудани Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  (26.01.2021, шаҳри Душанбе) ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода буданд, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Агентии мазкур бо мақсади мустаҳкамгардонии заминаҳои институтсионалии иқтисодиёти рақамӣ ва рушди инфрасохтори иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар саросари кишвар таъсис дода мешавад.

«Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки тадбирҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд», – зикр намуда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд