Дар Фархор вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқот доир шуд

Декабрь 2, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 02.12.2021/АМИТ «Ховар». 1 декабр дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё намудани ҳамкорӣ миёни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқот доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

Дар вохӯрӣ намояндагону собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуда, бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисони кумитаи маҳалҳо, имомхатибон ва сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳия  дар  мавзӯъҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо сарҳадбонон суҳбат намуданд.

«Вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Афғонистон, ки бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, водор месозад ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд — ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва барпокунандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад», зикр шуд дар мулоқот.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ бояд  атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан фаъол бошанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳифзи пурраи сарҳад- ин таъмини истиқлолият, ваҳдат, манфиати миллӣ ва иқтисодиёти он мебошад. Сарҳадбони тоҷик имрӯз на фақат марзи аҷдодии худро ҳимоя мекунанд, балки барои зиндагии оромонаи кишвар ва мардуми худ бори масъулияти хеле зиёд бар дӯш доранд.

Муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кӯшиш бояд намуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

АКСҲО: маркази матбуоти раиси н. Фархор

Декабрь 2, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад