Дар Хадамоти гумрук масоили истифода аз низоми гузаргоҳҳои дудолонаи гумрукии марзӣ ва Кодекси андоз баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки зимни фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъи пандемия давоми соли равон мақомоти гумрук ба он ноил гардиданд, сухан намуд.
Зикр шуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея мавқеи хосса дошта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии савдо /СҶС/ ва Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ тақвият меёбад. Дар доираи тақвияти ҳамкории байни ду давлат дар шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 2021 «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд. Лоиҳаи мазкур дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ карда шуда, дар он роҳбарият ва дигар масъулини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Корея иштирок намуданд. Татбиқи лоиҳаи низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои СҶС вобаста ба расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд амалӣ гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии «Системаи идораи таваккал» шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ҳисоби дуруст ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Системаи идораи таваккал» давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла дар Корея ва Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардида буд. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти мубодилаи электронии маълумот тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ гуфта шуд, ки барои ободу зебо гардонидани иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот иҷрои чорабиниҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, атроф ва саҳни бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъмиру мумфарш гардида, намои бинои дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» бо тарҳи замонавӣ навсозӣ гардид.
Инчунин намои бино ва атрофи бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон бо тарҳи замонавӣ таҷдид гардида, сохтмони бинои дуошёнаи Гумруки «Мурғоб»-и ноҳияи Мурғоб анҷом ёфта, ба истифода дода шуд. Утоқҳои кории бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар ҳудуди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин радиф намои бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии «Зафаробод» дар ноҳияи Зафаробод, «Навбунёд» дар ноҳияи Ашт, «Ҳаштяк» дар ноҳияи Спитамен, «Равот» дар шаҳри Конибодом ва «Уротеппа» дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.
Зикр шуд, ки сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Ӯротеппа»-и ноҳияи Истаравшан ва дидбонгоҳи гумрукии «Навбунёд»-и ноҳияи Ашти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пурра ба анҷом расида, бо тамоми таҷҳизоти назоратӣ таъмин гардида, иншооти мазкур аз ҷониби Комиссияи қабули давлатӣ барои истифода қабул гардидаанд. Таъъкид шуд, ки тамоми корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дастовардҳои зикргардида ва чорабиниҳои нақшавӣ дар самти фаъолияти мақомоти гумрук ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат рӯи кор омада истодаанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ инчунин сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Ҷамшед Абдуқодирзода ва намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба «Истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» маърӯза намуданд.
Инчунин намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд атрофи мавзӯъҳои баррасишуда табодули назар намуда, таклифу пешниҳодҳо баён намуданд. Дар анҷом Азим Турсунзода иброз намуд, ки ҳамкорӣ дар оянда бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аз имконоти мавҷуда истифода хоҳанд намуд.
АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






