Дар Хатлон масъалаи иҷрои барномаи ғизои мактабӣ баррасӣ шуд

Декабрь 9, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 9.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо намояндаи Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ ва стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар давраи то солҳои 2027 Атҳам Мусаллам вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо баҳри беҳтар намудани иҷрои барнома ва таъмини ғизои мактабӣ табодули афкор намуданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

 Зикр шуд, ки ҳадафи барнома аз рушди ғизои мактабӣ барои расонидани кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ иборат аст.

Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар вилоят 35 муассисаи пилотӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоту дигар маводи зарурии ошхона таъмин карда шудаанд. Давоми соли 2021  40 фисади лавозимоти ошхона, аз ҷумла зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва чойнӯшӣ иваз гардиданд.

Дар айни замон аз рӯи лоиҳа 41 микрогрантҳои хурд барои бунёди сохтмони гармхона, таъсиси боғҳои мевадиҳанда, заргӯшпарварӣ, мурғпарварӣ ба хотири ғанӣ гардонидани хӯроки мактаббачагон дар назди муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар ин баробар бунёди ин лоиҳаҳо аз ҷониби кумитаи падару модарон, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, дастгирӣ карда мешаванд.

Аз 767 муассисаҳое, ки шомили Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, 469 муассиса дорои 278 гектар замини ёрирасон буда, аз онҳо 158 гектарро заминҳои обӣ ва 120 гектарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд.

 АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Декабрь 9, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид