Дар Кунгураи мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ пешниҳоди ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Абрешим баррасӣ шуд

Декабрь 1, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 01.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кунгураи 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кор шурӯъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар он иштирок доранд. Мавзӯи асосии конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим буда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии гузаргоҳи «Зарафшон-Қароқум», «Фарғона-Сирдарё» ва «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» мавриди муҳокима қарор мегиранд,  хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев иштирок мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ пагоҳ, 2 декабр корашро идома медиҳад.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Декабрь 1, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид