Дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Декабрь 3, 2021 15:23

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гузаштан ба буҷети барномавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ имкон дод, ки мақомоти дахлдор ба ҳалли вазифаи душвор-вазифаи мутобиқ намудани тадбирҳои гуногуни сиёсати иқтисодӣ ва воситаҳои татбиқи онҳо кӯшиш  намоянд. Маҳз дар сатҳи минтақавӣ ҳадафҳои гузаштан ба буҷети барномавӣ бо ҳадафҳои фаъолияти мақомот чун кафили хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ зич алоқаманданд. Ин нукта имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории суҳбати «мизи гирд» дар мавзӯи «Таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ» зикр шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори ҳамоиш намоядагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносони варзидаи соҳаи иқтисодиёт ширкат намуданд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки ҳадаф-таҳлилу арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад. Дар шароити муосир ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии минтақавӣ таъмини рушди мутавозин, амнияти иқтисодӣ ва тавсеаи иқтидори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

«Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи тадбирҳои амнияти иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Дар идоракунии амнияти иқтисодӣ барномаҳои давлатӣ нақши калон доранд ва вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд. Роҳи муҳими ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад. Тавсеаи истифодаи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ солҳои охир ба мушкилоти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим вобастагӣ дорад»,-иброз дошт Х.Зиёӣ.

Бояд гуфт, ки дар минтақаҳо таъмини амнияти иқтисодӣ ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба набудани системаи нишондиҳандаҳои асосии амнияти иқтисодӣ, методологияи ҳисобкунии онҳо ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби ҳамкории бахшҳои давлатию хусусӣ марбут аст. Инчунин зикр гардид, ки мушкилоти ҳалнашуда дар баҳисобгирӣ ва мониторинги уҳдадориҳо ва хавфҳои тарафҳои шарикӣ, мавҷуд набудани системаи ягонаи иттилоотӣ, ки имкон медиҳад мониторинги самараноки барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, бо ҷалби ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ, набудани модели гузоштани ҳадафҳо, ҳамоҳангсозии манфиату хатарҳо ва назорат аз болои татбиқи барномаҳо мебошад. «Назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ дар асоси ҳисоботи гуногун аз шуъбаҳои дар формати «Excel» пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад. Мушкилоти мазкур таҳияи механизми таъмини амнияти иқтисодиро ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ тақозо дорад. Агар мо ба эътибор гирем, ки ҳама барномаҳо аз рӯйи ҳадафҳо санҷида шудаанд, пайдарпайӣ ва мундариҷаи фаъолиятҳо мантиқӣ ва барои расидан ба ҳадафҳо кофӣ буда,  нишондиҳандаҳои барномаҳо онҳоро ба таври эътимодбахш ба расмият медароранд, пас мо метавонем бо итминон изҳор намоем, ки иттилооти саривақтӣ ва боэътимод барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мониторинг) зимни иҷрои барномаҳо зарур аст»,-изҳор дошт дар идома Х.Зиёӣ.

Зикр шуд, ки бо дарназардошти имконияти технологияҳои иттилоотӣ системаҳои муосири мониторинг имкон медиҳанд, ки сарбории иловагии бюрократӣ пешгирӣ карда шавад. Зеро ошкор намудани хосияти нави низоми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба расмият дароварда шудаанд, имкон медиҳад, ки моделҳои қабули қарорҳои идоракунии сатҳу сифати нав бунёд карда шаванд. Ин дастрасиро имконияти васеи моделсозии риёзӣ ва компютерӣ, пешгӯйӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳисоббарорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар  ҳамоиш  таҳти раёсати муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён мавзӯъҳои «Ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти иқтисодӣ», «Шарикии давлатӣ ҳамчун шароити рушди инноватсионӣ», «Тасдиқи барномаҳои давлатӣ доир ба истифодаи самараноки замин ва об чун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши рӯйкарди инноватсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодии корхона» ва ғайра баррасӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки амнияти иқтисодӣ  чун бахши муҳими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки мақсади ҳамоиш таҳлил ва  арзёбии дастовардҳою тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад, зеро таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаи афзалиятноки стратегии ҳар давлат аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: МТС

Декабрь 3, 2021 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид