Дар ноҳияи Данғара Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор шуд

Декабрь 6, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ, афзоиш додани чорвои зотӣ 4 декабр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Фестивал-намоиши чорвои зотӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Фестивал аз ҷониби чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 сар чорвои калони шохдори зотӣ ва моли майда муаррифӣ карда шуд, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин намоиши чорвои зотӣ дидан карда, бо дастоварду муваффақияти чорводорон, инчунин бо моҳӣ ва парандаҳои самти гӯштӣ ва тухмдеҳ шинос шуданд.

Ҳадафи асосии ташкил намудани Фествал-намоиши чорвои зотӣ- ин муаррифии чорвои зотии дар мамлакат парваришёбанда, тақвият бахшидани ҳамкории хоҷагиҳои зотпарварӣ ва дар ин замина ҳавасмандии аҳолӣ дар самти парвариши чорвои зотӣ маҳсуб мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавассути ташкили ферма ва комплексҳои чорвопарварӣ чорвои хушзоти калони тоҷикии навъҳои сиёҳ-ало, зотҳои шведӣ, сментал ва гӯсфанди зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм ва ғайраро парвариш менамоянд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон саршумори чорвои калони шохдор қариб ба 1 млн сар ва чорвои майда қариб ба 2 млн 500 сар расидааст. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар шароити имрӯза барои пурра таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшту шир бояд чорводорон бештар ба парвариши чорвои зотӣ рӯ оваранд, зеро чорвои зотӣ назар ба чорвои каммаҳсул аз чанд омил, аз ҷумла вазни зиёд, қомати баланд ва ширдеҳ будани модаговҳо бартарияти зиёд дорад.

Ташкили намоиши чорвои зотӣ аҳамияти калон дошта, имконият фароҳам меоварад, ки хоҷагиҳои зотпарварии мамлакат ба ҳам оянд ва аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гарданд.

Бояд гуфт, ки соҳаи чорводорӣ дар мамлакат яке аз соҳаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор рафта, рушди он аз масъулияти баланди мутахассисон ва олимони соҳа вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар самти хушзоткунии чорво дар мамлакат назаррас буда, корҳои назоратиро оид ба рушди соҳаи зотпарварӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ вобаста ба парвариш, нигоҳубин ва солимии ҳама намуди зотҳои ҳайвоноти кишоварзии дар ҷумҳурӣ парваришёбанда мунтазам ба роҳ мемонад.

Дар фарҷом барои иштироки фаъолона дар Фестивал-намоиши чорвои зотии вилояти Хатлон роҳбарони хоҷагиҳои чорвопарварӣ, фермаҳо бо диплом, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Декабрь 6, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд
Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ -тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Чин Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид
Соли равон дар Суғд ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид