Дар Осорхонаи «Гиме»-и Париж Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони Осорхонаи «Гиме», доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Париж ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо арзи сипос аз танзими чорабинии болозикр оид ба сатҳи хуб ва дастовардҳои муҳими ҳамкории бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла дар мисоли возеҳи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи «Гиме» (дар давраи аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои атиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм ироа гардиданд.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса















Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






