Дар Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар толори Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, хабар доданд аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ҷараён гирифта, дар он аъзои Шӯро, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, прокуророни шаҳру ноҳияҳо, сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо, сардухтурон, раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии қочоқи маҳсулоти пастсифат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба ин масоил гузориши мудирони шуъбаҳои марбутаи Прокуратураи вилояти Суғд шунида шуд.
Баъди баррасии масъалаҳо прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ба масъулин ҷиҳати пешгирии қочоқи маҳсулоти пастсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






