ДАР ТОҶИКИСТОН БА ҶАМЪОВАРИИ ЛИМӮ ШУРӮЪ КАРДАНД. Бо фаро расидани сардӣ талабот ба ин меваи ситрусӣ ду баробар афзудааст

Декабрь 6, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони тоҷик ба ҷамъоварии лимӯ шурӯъ намуданд, зеро бо фаро расидани ҳавои сард талабот ба ин меваи ситрусӣ ду баробар афзоиш меёбад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «МИР 24».

Лимӯ дар Тоҷикистон аз солҳои 1930 парвариш мешавад ва кишоварзони маҳаллӣ дар парвариши ин мева таҷрибаи бой доранд. Дар ҷумҳурӣ навъи махсуси меваҳои ситрусии «мейер» парвариш карда мешавад, ки он бахусус ба деҳқонони вилояти Хатлон писанд аст. Ин навъ лимӯҳо аз дигар навъҳои хориҷӣ бо пӯсти тунук, таъми хоса ва бӯи махсуси худ фарқ мекунанд. Ва, албатта, онҳо дар бозор талаботи зиёд доранд.

Тавре сарчашмаҳои АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буданд, «Мейер» дорои пӯсти норанҷӣ-сурх буда, натиҷаи дурагакунии  табиии дарозмуддати лимӯ ва афлесун аст. Лимӯро муҳаққиқи амрикоӣ Фрэнк Мейер* дар Пекин кашф кардааст, ки сокинони он лимӯро дар гулдонҳо парвариш мекарданд. Баъдан лимӯ аз Чин ба Амрико омада, аввалҳои солҳои 30-юм аз Амрико ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гуфтаи сарвари хоҷагии деҳқонӣ Муртазо Шарифов, пухта расидани лимӯро аз рангаш муайян мекунанд: он бояд зарди тира бошад. Ҳангоми ҷамъоварии лимӯ онро бояд боэҳтиёт каме болотар аз навдааш буред, вагарна мева то ба истеъмолкунанда намерасад.

Бо фаро расидани сардиҳо талабот ба лимӯи тоҷик дучанд фазудааст. Яклухтфурӯшон молро бевосита аз саҳро мегиранд. Деҳқонон аз  майдони се гектар ним тонна меваи ситрусӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон боғҳои лимӯпарварӣ қариб 2 ҳазор гектарро ишғол намуда, солона ҳудуди 100 ҳазор тонна ҳосил медиҳанд.

Ба гуфти олими тоҷик Саидалӣ Гулов, дар Тоҷикистон ба ғайр аз лимӯи «Мейер» лимӯи «Вилло –Франка»,  «Лунария», «Юнонӣ», инчунин афлесун ва норанҷ  парвариш карда мешаванд. Минтақаҳои асосии парвариши лимӯ асосан Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ мебошанд.

Дар Тоҷикистон  парвариши лимӯ дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон-Ҷайҳун,  Дӯстӣ,  Ҷалолиддини Балхӣ,  Кӯшониён,  Кӯлоб, инчунин дар водии Ҳисор ва ҳатто дар шимоли кишвар  ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.  Дар Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ парвариши лимӯ  нисбат ба шимол дар зимистонгузаронӣ мусоид аст, зеро барои парвариши лимӯ ҳарорати мусбати фоиданок бояд аз 3500 то 4000  дараҷа баланд бошад. Ин гуна ҳарорат дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад  ва барои пухта расидани меваи лимӯ имконият медиҳад.

__________________

*Фрэнк Николас Мейер (30 ноябри соли 1875 — 2 июни 1918)  пажӯҳишгари Вазорати кишоварзии ИМА буд, ки барои ҷамъоварии навъҳои нави растанӣ ба Осиё сафар карда буд. Лимӯи Мейер ба номи ӯ гузошта шудааст.

                                              АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Дар доираи ин фестивал имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим дар Наврӯз аз оғози кишту кори баҳорӣ башорат медод
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷомеаи ҷаҳон аз Конфронси оби СММ-2023 интизориҳои зиёд дорад
Дар ноҳияи Шаҳринав намоиши техникаи кишоварзӣ гузаронида шуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом кишти чигит оғоз ёфт
Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзро чун арзиши олии башарӣ таҷлил намуданд
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Пагоҳ дар Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мешавад
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» иқтидори сайёҳии худро муаррифӣ намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми гуногунии биологӣ дар Чин иштирок менамоянд
Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар Хатлон Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва телефони боварӣ барои муроҷиати соҳибкорон ташкил карда мешавад
Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешаванд