Дар Тошканд Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мешавад

Декабрь 27, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 27.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи кории Агентии кор бо ҷавонони Узбекистон моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Тошканд Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Дар ин бора 26 декабр зимни вохӯрии муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо муовини Директори Агентии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон Дилноза Каттахонова дар шаҳри Тошканд изҳори назар карда шуд.

Вохӯрии мазкур дар ҳошияи баргузории Форуми ҷумҳуриявии ҷавонони Узбекистон – 2021 доир шуда, дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзиданд, иттилоъ доданд аз бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо вобаста ба тақвияти фаъолият дар самти ҷавонон ва ҳадафмандии форуми мазкур ибрози назар намуда, ҳамзамон доир ба  табодули таҷриба ва амалигардонии роҳу механизмҳои нави татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Зикр шуд, ки миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Узбекистон расман соли 2017 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон ба имзо расида, дар доираи он тадбирҳои муҳим пайваста амалӣ карда мешаванд.

Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби роҳбарони аввали ин ду ниҳоди муҳими давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва инчунин нақшаи чорабиниҳои мушаххасу мақсаднок манфиатнок мебошад.

АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 27, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд