Дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар олимпиадаи умумирусиягӣ соҳиби ҷои ифтихорӣ гардид

Декабрь 22, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  20 декабр ректори Донишгоҳи давлатии  Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода зимни машварати ректорат ба донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ, ки ғолиби даври II озмуни «Чун афсона бигӯ ва ҳам бо қалам тасвир кун» дар Олимпиадаи умумирусиягии фосилавии донишҷӯён (бо иштироки байналмилалӣ) «Педагогика: амалияи самараноки таълим» гардиданд,  диплом ва сертификатҳо тақдим намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии  Хоруғ.

Миёни 57 даста аз 35 донишгоҳи Федератсияи Русия ва кишварҳои ИДМ (Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) гурӯҳи ДДХ аз уҳдаи тамоми супоришҳои озмунӣ бомуваффақият баромада, дар Олимпиадаи умумирусиягӣ ҷои 3-юмро ишғол намуд. Ба ҳайати гурӯҳ донишҷӯёни факултети хориҷии ДДХ: Марҳабо Амирбекова, Соҳиба Раҳмонбекова, Саидаҳрор Ҳамидов, Марзия Шакарбекова ва Ниёзбегим Юсуфбекова шомил буданд.

Супоришҳои озмунии олимпиада аз рӯнамои мултимедиявии гурӯҳҳо дар мавзӯи олимпиада, иншо-эссе дар мавзӯъҳои «Нақши муаллим дар ташаккули коллективи бачагона», «Таҳлили педагогии наворҳои бадеӣ», озмуни «Чун афсона бигӯ ва ҳам бо қалам тасвир кун», таҳлили вазъи педагогиву иқтидори тарбиявии афсонаи халқии русии «Маша ва хирс» ва озмуни видеоии «Шакл ва усулҳои интерактивӣ дар амалияи таълимӣ» иборат буд, ки донишҷӯёни тоҷик аз уҳдаи он ба хубӣ баромаданд.

Зимни машварат профессор Гулзорхон Юсуфзода ва устодони ДДХ барои иштироки фаъолона дар омодагӣ ва гузаронидани олимпиадаи умумирусиягӣ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: ДДХ

Декабрь 22, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид