ЭҲТИЁТ БОШЕД! 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст

Декабрь 15, 2021 16:13

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба сокинон ва меҳмонон  якчанд тавсияҳоро пешниҳод менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

КҲФ тавсия медиҳад, ки туман боиси чунин хатарҳо, аз қабили нонамоён будан, монеъ шудан ба ҳаракат дар роҳу нақлиёт ва афзоиши эҳтимолии садамаҳои нақлиётӣ шуда метавонад.

Барои он ки одамон худро ҳангоми туман то ҳадди имкон муҳофизат намоянд, пеш аз ҳама:

— шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва нафастангӣ аз берун баромадан худдорӣ намоянд;

— пиёдагардон ҳангоми аз кӯчаю роҳҳо гузаштан бояд ниҳоят эхтиёткор бошанд;

— ронандагони воситаҳои наклиёт суръати ҳаракатро кам карда, қоидаҳои ҳаракатро катъиян риоя кунанд;

-эҳтиёт бошанд, суръати ҳаракати  аз меъёр зиёдеро, ки  обу ҳаво ва шароити роҳ имкон намедиҳад, баланд накунанд;

-Дар чорроҳаҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард зиракӣ зоҳир намоянд;

— суръати харакатро бо назардошти шиддат, хусусият ва ҳолати воситаҳои нақлиёт ва бор, роҳ ва шароити табиӣ, аз ҷумла, намоён будани самти ҳаракат риоя кунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад: набояд фаромӯш кард, ки туман барои ҳамаи истифодабарандагони роҳ хатар дорад.

Бодиққат  ва эҳтиёт бошед! Рақами ягона барои ёрӣ ва наҷотдиҳӣ: 112, шуъбаи изтирории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2021 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад