Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ пойгоҳҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро сипари муҳофизатӣ аз террористон барои кишварҳои СААД номид

Декабрь 24, 2021 11:49

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фармондеҳи низомиёни Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ), генерал-полковник Александр  Лапин пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро сипари муҳофизатӣ аз террористон барои паймони СААД номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод  ба «Интерфакс».

«Ин як навъ сипари эътилоф буда, барои террористон ва ифротгароёни дар қаламравҳои давлатҳои ҳамсоя ҳузурдошта монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад»,- гуфт Лапин.

Ба гуфтаи ӯ, ин пойгоҳҳои низомӣ дар ҳолати изтирорӣ аввалин зарбаро ба худ мегиранд.

«Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон  «пешоҳангони ҷангӣ»-и мо дар самти ҷануб -муҳимтарин ҷузъи неруҳои дастҷамъии СААД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ба ин хотир ба омодагии ҷангӣ, мусаллаҳшавӣ ва рушди инфрасохтори онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад»,- гуфт Лапин.

Фармондеҳи ОМҲ иброз намуд, ки тамоми пойгоҳҳои Русия дар хориҷи кишвар танҳо бо афсарони ботаҷриба ва низомиёни шартномавӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и Русия ва дар Қирғизистон пойгоҳи авиатсионии «Кант» фаъолият мекунанд.

Қаблан Москва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро бо танкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз гардонид.

АКС: «Звезда»

Декабрь 24, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад