Форуми сеюми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» Форуми сеюми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии мамлакат баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ сухан гуфта, андешаҳои худро оид ба раванди таҳсил, омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ дар соҳаи сайёҳӣ иброз доштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.
Бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандаи забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.
Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, дар донишгоҳу донишкадаҳои бахши сайёҳии кишварҳои хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ баробар тақсим шуда, донишҳои ба таври назариявӣ азхудкарда дар амалия таҷриба карда мешаванд. Ҷорӣ намудани таҷрибаи мазкур дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ имрӯз мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Яке аз талаботи муҳими фаъолият дар ҳамаи риштаҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбари ширкат, роҳбалад, маркетолог ва пайдо намудани бозорҳои нави сайёҳӣ, ходими меҳмонхона, ходими тарабхона ва дигар самтҳо донистани забонҳои хориҷӣ мебошад, ки ин талабот бояд қонеъкунанда бошад.
Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои пурра роҳандозӣ намудани тамоми иқтидорҳо, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ таклифҳои мушаххас ироа гардиданд, ки бо тартиби муқарраргардида марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи Форум силсилаозмунҳо, аз ҷумла намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва рӯнамои беҳтарин ташкил ва ҷамъбаст гардид.
Ғолибон бо диплому сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баргузории форум ба такмили қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқии ҷавонони муҳассил дар самти сайёҳӣ ва арзёбии андешаҳои онҳо перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ








Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд






