Ҷамила Лангарӣ дар нишасти роҳбарони хадамоти давлатии бойгонии ИДМ иштирок намуд

Декабрь 14, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр нишасти 17-уми Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти давлатии бойгонии кишварҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он сардори Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узви ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳури Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат намуданд.

Иштирокчиёни нишаст ҳолати корҳои бойгониро дар солҳои 2020-2021 дар кишварҳои узви ИДМ ва масъалаи ташкили ҳамкории хадамоти давлатии бойгонии давлатҳои узви ИДМ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсусро, ки мутахассисонро дар соҳаи бойгонӣ омода мекунанд, баррасӣ карда, инчунин оид ба масъалаи ташкили махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳайати шахсии давлатҳои аъзои ИДМ табодули назар намуданд.


Раиси Шӯрои машваратӣ дар давраи навбатӣ раиси Кумита оид ба корҳои бойгонӣ ва ҳуҷҷатнигории Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Куат Борашев (Ҷумҳурии Қазоқистон) интихоб гардид.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроия ИДМ

Декабрь 14, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд