Хадамоти иҷро 37,9 млн сомониро ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ситонид

Декабрь 8, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Дар самти ситонидани маблағи зарар, қарз ва дигар баҳсҳои иқтисодӣ дар истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамот дар соли 2021 415 адад ҳуҷҷатҳои иҷро аз рӯи санадҳои судӣ ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои иҷрои маҷбурӣ ворид гардида, аз ин 37,9 млн сомонӣ, 1 млн 625 ҳазор доллари ИМА ва 3 млн 834 ҳазор рубли Федератсияи Русия ситонида шудааст». Ин матлаб  зимни баргузории  суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Иҷрои санадҳои судӣ дар самти  ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон – яке аз кафолатҳои ҷалби инвеститсионӣ дар кишвар» зикр карда шуд.

Тавре аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он намояндагони ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, адлия, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Иттифоқи адвокатҳо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид,  устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамот дар давраи фаъолият ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷрои воқеӣ назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.

Зикр карда шуд, ки баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он 17 июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардид, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.

Аз ҷониби иштрокчиён зикр гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, ки иҷрои онҳо манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барқарор намуда, барои ҷалби сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меоварад, сари вақт бояд тадбирҳои таъминотӣ андешид.

Аз тарафи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар рафти мурофиаҳои судӣ аз 415 адад ҳуҷҷатҳои иҷрои воридгардида дар 29 ҳолат чораҳои таъминотӣ татбиқ гардидааст, ки 5,3% ҳуҷҷатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки сари вақт наандешидани тадбирҳои таъминотӣ боиси аз тарафи қарздорон то лаҳзаи ба истеҳсолоти иҷрочиён ворид гардидани ҳуҷҷати иҷро сабаби бегона кардани молу мулки манқул ва ғайриманқул, маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳо мегарданд

Иштирокдорон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли иҷрои санадҳои судӣ бобати ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон таклифу пешниҳодҳо изҳор доштанд.

Ҳамоиш ба дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа ва рушди соҳибкорӣ замина гузошта, ба ҷалби инвеститсия дар кишвар такон мебахшад. Мизи мудаввар бо дастгирии шарикии рушди намояндагони Барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 АКС: Хадамоти иҷро

Декабрь 8, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвони форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид