ХУРОФОТ ДАР ЗЕҲНИ ОНҲОЕ ШАКЛ МЕГИРАД, КИ ДОНИШ НАДОРАНД. Андешаҳои масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим доир ба мавзӯъ

Декабрь 22, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ “Ховар”/. Воқеан барои миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик дар ҳазораи сеюм, дар асри меъроҷи тамаддунҳову илму технология рӯй овардан ба хурофоту хурофотпарастӣ мояи нанг аст ва Пешвои муаззами миллат ҳам дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ беҳуда ба ин нукта ишора накарданд.

Дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, доир ба ҷанбаҳои манфии хурофот ва оқибатҳои ногувори он хабарнигори АМИТ “Ховар” бо сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов суҳбат орост. Андешаҳои ҳамсуҳбатамонро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

-Сароғоз бояд гуфт, ки беш аз чордаҳ соли амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеан дар ҷомеаи мо  инқилоби бузурги фикрӣ ба бор овард ва боиси решакан гардидани бисёр амалҳои хурофотиву нописандида гардид. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои номатлуб миёни қишрҳои ноогоҳи ҷомеа барҷой мондаанд, ки ин боиси нигаронист.

Маҳз аз ҳамин хотир, дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари зикри дастоварду камбудиҳои тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар ба масъалаи хурофот ва канораҷӯӣ аз он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Сари ин сухани пурмуҳтавои Президенти кишвар бояд ҳар фарди ҷомеаи мо жарф андешад, ки гуфтанд: “Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.

Бояд гуфт, ки “хурофа” ё “хурофот” вожаи арабӣ буда, дар луғатҳо ҳамчун ҳикоя, қисса ва раъйи ботил маънидод мешавад, ки аз ақлу мантиқ ва воқеият дур аст.   Яъне, хурофотпарастӣ  пайравии кӯр-кӯрона аз ақоиди беасос ва дур аз воқеият аст.

Муҳаққиқи англис  Роберт Ингерсон менависад, ки хурофот асосан аз нодонӣ ва ҷоҳилии одамон сар мезанад, зеро онҳо ба сухани ҳар гуна мардумфиребон, ҷодугарон, фолбинон, тилисмшиканон бовар мекунанд.

Воқеан хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад.

Маҳз барои ҳамин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “хурофот ҷаҳолат аст”.

Хушбахтона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хурофоту ифрот дар тӯю маърака ва маросимро аз байн бурд ва самараҳои ин санади миллиро ҳар оилаи кишвар бо чашмони худ дид.

Акнун замони он расидааст, ки тамоми унсурҳои хурофотии боқимонда дар зеҳни мардум, ки мисли гиёҳи заҳрпечак ба ақлу рӯҳи бархе аз гурӯҳҳои ноогоҳ печидааст, решакан карда шавад. Зеро ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. То замоне, ки хурофотро аз ҷаҳонбинии ҷавонон ва дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври куллӣ берун насозем, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталиф ғайиимкон аст.

Аммо чӣ гуна бояд нагузорем, ки ҷавонони мо хурофотзада бошанд?  Ин як роҳ дорад ва он ҳам дар Паёми Президенти кишвар садо дод: “Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.

Бале, танҳо нури дониш аст, ки зулмоти хурофотро аз байн мебарад, парда аз рӯи розҳо бармедорад ва ҷавононро ба кӯи мақсуд роҳнамун мегардад.

Дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шудааст, ки волидайнро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд уҳдадор мекунад. Аммо ҳанӯз ҳам бархе ба моҳияти ин қонун сарфаҳм нарафтаву ба ин масъала аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Бубинед, аксари онҳое, ки ба доми ифрот афтидаву ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд, ҷавонони ноогоҳ ва таҳсилнадида ҳастанд. Ҳамчунин аксари кулли онҳое, ки ба хурофот бовар доранд, на саводи кофии динӣ доранду на дунявӣ ва ҳам дар ҳамин гуна оилаҳо ба воя расидаанд.

Тарбияи фарзанд аз давраи таваллуд оғоз меёбад. Имом Ғаззолӣ дар китоби худ «Насиҳат-ул-мулук»  мефармояд: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Кӯдакон ва наврасон монанди гили шаклнагирифта ва сафаҳоти сафеди нонавишта буда, то мавқеи худро дар ҷомеа ҳамчун инсони комилу пурмасъулият ва солиму барои ҷамъияту миллат ва волидону пайвандон муфид ба даст овардан ба мушкилот ва бархӯрдҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд ва кӯчаву ҷодаҳои пурпечу фарози зиндагиро убур мекунанду мушкилтарин ва пурхатартарин имтиҳоноти пешгузоштаи ҳаётро паси сар мекунанд. Дар ин даврон бетаваҷҷуҳии андак ва хурдтарин иштибоҳи волидону пайвандон метавонад онҳоро аз роҳи дурусти зиндагӣ берун созад.

Барои ҳамин тарбияти дурусти фарзанд- ин ба маънои ояндасозист.

Тақдими китоб ба фарзандон, огоҳ намудани онҳо аз таърихи гузаштаи миллат, ҷалб намудани таваҷҷуҳи онҳо ба илму технологияи муосир ва боз чандин роҳҳое ҳастанд, ки маҳз ба воситаи онҳо мо ҷигарбандонамонро аз хурофоту ифрот дур месозем.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ходимони дин низ дар самти решакан кардани хурофоту ифрот бояд нақши муассир дошта бошанд. Зеро пӯшида нест, ки аксари боварҳои хурофотии мардум ҳамчун унсурҳои динӣ таблиғ мешаванд ва бархе хурофотзадагияшонро ҳамчун “диндорӣ” нишон додан мехоҳанд. Дар ҳоле ки аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин берун аст.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, ба мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Хурофот терроризму экстремизм нест, аммо зинаҳои нахусти майл ба зиёдаравию гумроҳист.

Бовар дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замон буда, барои рушди давлату ҷомеа тамоми таваҷҷуҳи худро ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона мекунанд. Зеро ин ягона роҳест, ки моро ба сӯи пешрафтҳои нав мебарад.

Мардуми сарбаланди кишвар, бешак, аз Паёми имсолаи Пешвои миллат ва даъватҳояшон барои созандагиву ободкорӣ боз ҳам рӯҳбаландтар гардида, бо дилу нияти пок, азму ғайрати дучанд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз саъю талош менамоянд.

 

 АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

Декабрь 22, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд