«ИН ЭЪТИРОФ НЕСТ». Дар Кобул намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ифтитоҳ меёбад

Декабрь 8, 2021 12:35

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаҳои наздик дар Кобул ифтитоҳ меёбад, аммо ин маънои аз ҷониби Брюссел эътироф кардани ҳаракати радикалии «Толибон»-ро дар Афғонистон (мамнуъ дар Тоҷикистон) надорад. Дар ин бора рӯзи сешанбе зимни нишасти матбуотӣ дар Комиссияи Аврупо намояндаи хадамоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Набил Массралӣ изҳорот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Мо барои таъмини ҳузури ҳадди ақалли Иттиҳоди Аврупо дар Кобул кор карда истодаем. Барои ин масъала ҳафтаҳо лозим аст, на моҳҳо. Ва ин нишонаи эътироф нест (ҳукумати «Толибон», — тавзеҳи АМИТ «Ховар»)»,- гуфт ӯ ва таъкид кард, ки феълан ҷузъиёташро ифшо карда наметавонад.

Ба иттилои Массралӣ, ҳузури ҳадди ақалли Иттиҳоди Аврупо дар Кобул барои расонидани кумак ба мардуми Афғонистон зарур аст. «Мо бояд тамоми кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем, то ба мардуми Афғонистон кумак расонем», — илова намуд ӯ.

Дар Афғонистон вазъи иқтисодӣ босуръат бад мегардад: нархи озуқа ва сӯзишворӣ баланд мешавад, садҳо ҳазор нафар одамон бе кор ва манзил мондаанд, фаъолияти молиявӣ бисёр паст шуд. Дар соҳаи тандурустӣ вазъи ниҳоят душвор ба амал омадааст: нарасидани мутахассисон, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ мушоҳида мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват карда буданд, ки ба мардуми Афғонистон кумаки изтирорӣ расонанд.

Тибқи арзёбии СММ, дар Афғонистон 3,5 миллион нафар паноҳандагони дохилӣ ба сар бурда, дар баробари ин соли 2021 700 000 нафар гуреза шудаанд.

Гуфта мешавад, паноҳандагон ба сарулибоси гарм, сӯзишворӣ барои гарм кардани манзил, манзили гарм, ғизо ва дору ниёз доранд.

«Вақте ҳарорат аз сифр паст мешавад, афғонҳо ба душвориҳои ғайричашмдошт дучор мегарданд. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа паст шавад. Ва бисёре аз оилаҳои паноҳанда манзили дуруст – чизи муҳиме, ки дар сардиҳои шадид зарур аст, надоранд», — гуфта мешавад дар сомонаи СММ.

Тибқи маълумоти созмон, буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад: тақрибан 23 миллион нафар (55 дарсади аҳолӣ) аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд ва тақрибан 9 миллион нафари онҳо бо хатари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Аввали моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сафирони навтаъйини якчанд кишварҳо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омода аст «имконияти густурдаи моддию техникӣ»-и худро барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, ки дар он бузургтарин буҳрони гуманитарӣ дар ҷаҳон авҷ гирифта истодааст, фароҳам орад.

Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) ахиран ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, даъват намуд, ки барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба паноҳандагони дохилӣ дар Афғонистон 374,9 миллион доллар ҷудо намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи созмон.

                                                      АКС аз бойгонӣ

Декабрь 8, 2021 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид