ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Ин соҳа дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи шоиста дорад

Декабрь 7, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 декабр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ /International Civil Aviation Day/-ро таҷлил менамояд. Ин сана  соли 1994 дар доираи 50-солагии Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ /ICAO-(ICAO-International Civil Aviation Organization), ИКАО/ таъсис дода шудааст. Соли 1996 бо ташаббуси ИКАО ва дастгирии ҳукумати Канада Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  расман 7 декабрро Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар низоми СММ эътироф намуд. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ мусоидат намудан ва амиқ дарк кардани нақши муҳими  авиатсияи байналмилалии шаҳрвандӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо ва саҳми ИКАО дар кумак ба давлатҳо ҷиҳати эҷоди шабакаи транзитии босуръати ҷаҳонӣ, ки ба манфиати башарият нигаронида шудааст, арзёбӣ мегардад.

Ҳоло, ки СММ ва кишварҳои ҷаҳон рӯзномаи то давраи соли 2030-ро қабул кардаанд ва ба давраи нави рушди устувори ҷаҳонӣ ворид шудаанд, нақши муҳими авиатсия ҳамчун муҳаррики пайвасти глобалӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои Конвенсияи Чикаго оид ба муносибатҳои байналмилалӣ аз ҳарвақта муҳимтар буда, парвозҳои байналмилалӣ  ҳамчун омили асосӣ ба суботу шукуфоӣ дар тамоми  ҷаҳон  мусоидат мекунанд.   Ҳар панҷ сол аз солгарди ИКАО  Шӯрои ИКАО мавзӯи махсуси ҷашниро барои Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ эълон мекунад. Дар давраи солҳои ҷашнӣ, намояндагони Шӯро як мавзӯъро барои  чор соли минбаъда интихоб мекунанд. Барои таҷлил аз 75-солагии ИКАО соли 2019 Шӯро мавзӯи «Пайванди ҷаҳон дар тӯли 75 сол»-ро  интихоб кард. Шӯро тасмим гирифт, ки то соли 2023 мавзӯъ «Мусоидат ба навоварӣ бо мақсади рушди ҷаҳонии авиатсия»  интихоб гардад.

Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи қариб садсола дошта, аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) тавассути ҳавопаймо оварданд ва омадани ин ҳавопаймо ва ҳайати ҳукуматӣ оғозе гузошт ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800- метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, имрӯз то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расида, имкони қабул ва гусели тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад.

«Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти кишвар равона шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон тақозо намуда, метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат  шароити мусоид фароҳам орад», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Мавсуф афзуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Вазифаҳои Агентӣ аз амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо, таҳияи нақшаю барномаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии онҳо, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ равона шудааст, иборат мебошад.  Ин  ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои нахустини таъсис фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои ИКАО, Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи авиатсияи граждании кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои тақвияти инфрасохтори ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 кишвари дуру наздик  ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели гуфтаҳост, зикр кард Икром Субҳонзода.

Алҳол  дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосир барои мусофирон, терминали нави замонавии боркашонӣ, ҳамзамон толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки  бозгӯи  дастгириҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиатсия мебошанд.

Инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ–танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он дар таъмини  бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи  парвозу нишасти  киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб шуда,  мутобиқ ба меъёру талаботи ICAO, ки соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуд, сохта шудааст. Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ  аз ширкатҳои бонуфузи  истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони  парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо  аз муосиртарин технологияи  аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Бо ба истифода додани манораи танзиму назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии  истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати  риояи қоидаҳои истифодаи  фазои ҳавоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир  ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии  аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад. Бояд гуфт, ки дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи граждании кишвар натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, густариши соҳаи авиатсияи граждании давлатамон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ карда шудааст, ки мояи ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад.

Бояд эътироф кард, ки авиатсияи гражданӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисоди  ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, мегӯяд Икром Субҳонзода.

Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамоянд. Таваҷҷуҳ ба соҳаи авиатсия ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар, махсусан ба соҳаи туризм таъсири калон мерасонад. Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки «рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад», гуфт дар анҷом директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

                                                  Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд