Истеҳсолу воридоти электромобил вобастагии Тоҷикистонро аз маҳсулоти воридотӣ кам мекунад

Декабрь 6, 2021 16:41

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи электромобил ё нақлиёти барқӣ зиёд шудааст. Ҳатто кишварҳои дорои захираи нефту гази фаровон низ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир мекунанд. Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба электромобил ё нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Тавре рӯзноманигори тоҷик Сайфиддин Суннатӣ, ки пайваста мавзӯи нақлиёти барқиро баррасӣ мекунад, изҳор дошт, «Норвегия дар ҷаҳон аз зумраи пешсафтарин давлатҳо мебошад, ки истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқиро ба андозаи 60% афзоиш додааст. Ҳатто ин кишвари аврупоӣ тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 пурра ба электромобил гузарад. Дар Германия пешниҳод намудаанд, ки соли 2030 ҳаракати  мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  мамнӯъ шавад. ­Британияи Кабир аз соли 2032, Ҳиндустон — 2030 ва Фаронса аз соли 2040 ин нақшаро амалӣ карданианд».

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид мебошад.

Ба андешаи ӯ, ҷиҳати пешгирии ифлосшавии минбаъдаи об, хок ва ҳаво коршиносон пешниҳод мекунанд, ки майдони дарахту буттазор бештар гардонда, ба ҷои нақлиёти автомобилӣ мошинҳои барқӣ-электромобилу электробус истифода шаванд.

«Масоили гармшавии иқлим водор мекунад, ки кишварҳо рӯ ба  манбаъҳои алтернативии нақлиёт биёранд. Электромобилҳо нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза буда, партови газҳои гулхонаӣ надоранд»,-гуфт С. Суннатӣ.

«Роҳандозии электромобил ҳамчун яке аз самтҳои стратегӣ барои ноил гардидан ба ду масъалаи барои давлату мардуми мамлакатамон ниҳоят муҳим-  аввалан, коҳиш додани вобастагии мамлакат аз як қатор маҳсулоти воридотӣ ва таҳкими заминаҳои таъмини афзоиши иқтисодиёт ва дуюм, дар ин замина таҳкиму устувории истиқлолияти ҷумҳурӣ аҳамияти хосса дорад»,- гуфт таҳлилгари тоҷик Абдурауф Ҷуразода.

Ба гуфтаи А. Ҷуразода, дар як сол ба кишвар тақрибан зиёда аз 530 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад, ки сол аз сол талабот ба он афзоиш меёбад. Ин раванд вобастагии кишварро аз маҳсулоти воридотӣ бештар намуда, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷумҳурии мо аз кишварҳоест, ки дар самти истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Дар баробари ин тавассути истифодаи мошинҳои барқӣ метавон дар татбиқи «иқтисодиёти сабз» мавқеи шоиста гузошта, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам беҳтар кард.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистон ва Туркия ният дорад истеҳсоли электробус ва электротроллейбусҳоро рӯзҳои наздик роҳандозӣ намояд, ки қадами устуворе дар роҳи ин тадбири муҳим мебошад.

Директори иҷроияи ин ширкат Асрор Мирзоев дар суҳбат бо мо гуфт, ки корхона соли ҷорӣ  электробус ва электротроллейбуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо неруи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр бо неруи барқ ҳаракат менамояд.

«Мо соли ҷорӣ электробус ва электротроллейбуси истеҳсол кардаро дар хатсайри 1 ва  3-и шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ озмоиш кардем, то мутобиқ будани онҳоро ба иқлими кишвар бифаҳмем ва ҳамзамон ронандаҳоро ба ин навъи нақлиёт шинос кардем. Натиҷаи озмоиши нақлиёти мазкур маълум намуд, ки ҳангоми тай намудани 100 километр роҳ дар хатсайри шаҳрӣ ба миқдори 176 киловатт-соат энергияи барқӣ аз ноқилқуттӣ (аккумулятор) масраф гардид, ки маблағи хароҷоти он ба 74 сомониву 10 дирам баробар мебошад. Ҳамзамон хароҷоти автобусҳои Акиа Авесто, ки тариқи сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, дар 100 километр  роҳ 45 литр сӯзишвориро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна арзиши он 450 сомониро дар бар мегирад.  Яъне тибқи таҳлилҳо, хароҷи автобус аз электробус  қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад», -шарҳ дод  директори иҷроияи ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри».

Аз ин суҳбат метавон хулоса кард, ки хароҷоти солонаи электробусҳо 28% -ро ташкил медиҳад, ки назар ба автобусҳои дизелӣ 72% манфиатовар буда, ҳамзамон аз лиҳози экологӣ хеле муфид мебошад.

Асрор Мирзоев дар суҳбат бо мо гуфт, ки онҳо дар роҳи рушди ин кор нақшаҳои бузургеро дар пай дошта, ҷиҳати истеҳсоли нақлиёти барқӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Ареа»-и Амрико, «Жак»-и Чин, «Бик моторс ва Каон»-и Ҷумҳурии Корея ва чандеи дигар ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд, ки ояндаи наздик истеҳсоли на танҳо электробус ва электротроллейбусҳо, балки сабукравҳои барқиро низ ба нақша гирифтаанд.

Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвар аз ҳар ҷиҳат мувофиқу самараноктар аст. Махсусан дар замони болоравии арзиши сӯзишворӣ, ки дар як соли охир таъсири бади худро ба тамоми самту соҳаҳо расонидааст.

Қисми зиёди кишварҳо барои истеҳсолкунандагону воридкунандагон ва истифодабарандагони электромобил имтиёзҳои андозию гумрукӣ муқаррар кардаанд. Аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо- Ҷумҳурии Узбекистон имтиёзи махсус муқаррар гардида, истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин маврид бобати пешниҳоди имтиёзҳо  дар роҳи рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар аз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб пурсон шудем.  Мавсуф изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ якчанд имтиёзҳо пешбинӣ кардааст ва ҳар сол ин дар қонуни буҷети ҷумҳурӣ зикр мешавад.

«Ман фикр мекунам дар оянда дар самти истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳатман имтиёзҳо дода мешаванд. Ҳоло дар ин самт ширкатҳои ватанӣ ва сохторҳои дахлдор кор бурда истодаанд, дар сурати пешниҳодҳои судманд ҳукумати кишвар онро ҳатман дастгирӣ мекунад»,- гуфт Файзулло Машраб.

«Дар Кодекси нави андоз омадааст, шаҳрвандоне, ки аз электромобил истифода мебаранд, нисбат ба истифодабарандагони автомобил андози камтар месупоранд, ки ин як роҳи ҳавасмандкунии аҳолӣ дар роҳи рушди электромобил мебошад. Ман боварии комил дорам, ки ба хотири рушди ин самт дар ҷумҳурӣ имтиёзу қонунгузориҳои мусоид пешниҳод карда мешаванд»,- гуфт раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб.

PS: Таҳлили бештар ва шарҳи муфассали мавзӯи мазкурро дар пешниҳоди коршиносон тавассути барномаи  таҳлилии «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» бишнавед. Барнома имрӯз соати 17-30 ва такроран 21-30 садо медиҳад.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 6, 2021 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад