Корея тасмим гирифтааст дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад

Декабрь 2, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Корея тасмим гирифтааст, ки дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон саҳм гузорад. Далели ин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум миёни  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея  мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Санади мазкурро дар Душанбе Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим  ва намояндаи Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея  ба имзо расониданд. Дар доираи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати  «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея  мулоқот намуда, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ, сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкории густурда  ба роҳ монда шавад.

 АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

Декабрь 2, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад