Корея тасмим гирифтааст дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Корея тасмим гирифтааст, ки дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон саҳм гузорад. Далели ин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Санади мазкурро дар Душанбе Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея ба имзо расониданд. Дар доираи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот намуда, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ, сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкории густурда ба роҳ монда шавад.
АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ








Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






