Кормандони АМИТ «Ховар» Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо намуданд

Декабрь 21, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо намуданд. Паёми мазкур инчунин тариқи Радиои 101,5 «Ховар FM» мустақиман пахш гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

«Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Сарвари давлат дар Паёми худ зикр намуданд, ки «роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо давоми сӣ соли гузашта, инчунин дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд».

«Бовар дорам, ки вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди иқтисоди миллиро таҳлилу баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода