Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи муосир шуданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон китобхонаи замонавӣ таъсис дода шуд, ки дорои 1000 нусха адабиёти гуногун мебошад. Кормандони шуъбаи мазкур ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ соҳиби ошхонаи муосир гардиданд, хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими ба истифода додани китобхона ва ошхона муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Фатҳулло Абдураҳмонзода иброз дошт, ки ин боргоҳи дониш бо мақсади ҷалби кормандон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтаааст ва ҳар як корманди милиса метавонад аз ин махзани маърифат барои ғизои маънавӣ бардоштан истифода барад.
«Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вазорати корҳои дохилии мамлакат баҳри таъмини шароити мусоиди корӣ барои кормандон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бунёди китобхонаву ошхонаи муосир дар тамоми мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа нигаронида шудааст, аз ҷумлаи онҳост»,-афзуд Фатҳулло Абдураҳмонзода.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ин рӯз ҳамчунин атрофи бинои шуъбаи мазкурро, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпӯш гардида, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст, дидан намуданд.
Фатҳулло Абдураҳмонзода таъкид кард, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии самти фаъолият кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва ҷузъу томҳои он инчунин дар корҳои созандагиву ободонӣ фаъолона иштирок менамоянд, ки шоистаи таҳният аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ бархе аз кормандони милитсия барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ бо туҳфаҳо ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКСҲ аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ








1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид






