МАКТАБИ «СОМОНИЁН» ФАЪОЛИЯТАШРО ИДОМА МЕДИҲАД. «Spirit of America» дар ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти ин муассисаи таълимиро дастгирӣ менамояд

Декабрь 3, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 03.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Созмони «Spirit of America» дар шарикӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дирӯз дар бораи маблағгузории мактаби афғонии «Сомониён» хабар дод. Дар натиҷаи ин маблағгузорӣ дари ин муассисаи таълимӣ барои донишомӯзон аз ҷомеаи паноҳандагони афғони муқимӣ дар Тоҷикистон боз хоҳад буд.  Созмони «Spirit of America» баҳри ниёзи ҳаётии кӯдакони паноҳанда барои фаъолияти ин мактаб дар тӯли 12 моҳи оянда беш аз 80 000 доллар сармоягузорӣ мекунад.

Мактаби «Сомониён», воқеъ дар шаҳри Душанбе соли 2000 аз ҷониби Вазорати маорифи Афғонистон таъсис ёфта, беш аз 450 хонандаро фаро мегирад, ки аз синни томактабӣ то хонандагони синфи 11 таҳсил мекунанд. Ин ягона мактаб дар Тоҷикистон аст, ки барномаҳои таълимии Афғонистонро бо забони тоҷикии дарӣ пешниҳод мекунад. Инчунин ин мактаб аз Вазорати маориф ва илми Точикистон низ кумаки зиёд мегирад.

Ҳамин тавр, мактаби мазкур, ки ба дунболи фурӯпошии давлати Афғонистон дар ҳоли баста шудан буд, бо кумаки созмони «Spirit of America» фаъолияти худро идома хоҳад дод. Ин созмон хароҷоти иҷора, ҳамлу нақли хонандагон, харидории мебел, таъмири ҷузъӣ ва дастрасӣ ба интернетро пардохт мекунад.

«Мо бо ифтихор беш аз 80 000 долларро сармоягузорӣ мекунем, то итминон ҳосил кунем, ки беш аз 450 кӯдаки овораи афғон ба таълими босифат дастрасӣ доранд ва метавонанд бо рӯъёҳо ва орзуҳои мушобеҳи тамоми писарону духтарон дар саросари ҷаҳон рушд кунанд», — иброз дошт ба хабарнигорон директори иҷрояи созмони «Spirit of America» Ҷим Ҳек. Ба гуфтаи ӯ, воқеаҳои ғамангези ахир дар Афғонистон фишори зиёдеро бар бисёре аз кишварҳо ворид кардааст, аммо ҳамчунин нишон додааст, ки чӣ гуна ҷомеаҳо метавонанд барои кумак ба ниёзмандон муттаҳид шаванд.

«Мардуми тоҷик, ки ба арзишҳои волои худ пойдор аст, ҳусни нияту меҳмоннавозии фавқулодаеро нисбат ба паноҳҷӯёни афғон дар ин кишвар зоҳир менамояд. Бо нишони ҳамбастагӣ «Spirit of America» мактаби «Сомониён»-ро барои паноҳҷӯёни афғон давоми 12 моҳи оянда маблағгузорӣ мекунад», — илова намуд Ҷим Ҳек.

«Мо қадрдонии самимии худро ба «Spirit of America» ба хотири фароҳам овардани шароит ба ин писарону духтарон ҷиҳати идомаи таҳсил иброз медорем. Ин кумаки арзишманд, воқеан зиндагии хонандагони моро тағйир медиҳад», — гуфт директори мактаби «Сомониён» Ноҷия Зоҳир.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм аз ин кумак истиқбол карда, гуфт: «Мо аз «Spirit of America» барои ҳимояти саховатмандонааш, ки ба ҷавонони осебпазири афғон роҳе барои ояндаи беҳтар фароҳам меорад, сипосгузорем. Мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо паноҳҷӯёни афғон дар канори ҳам истодаанд».

Мавриди зикр аст, ки ин кумаки молӣ илова ба ҳамкории «Spirit of America» ва Сафорати Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз се маркази ҷамъиятӣ дар Ваҳдат аст, ки бо забони англисӣ  фанноварӣ ва барномаҳои касбиро ба беш аз 2500 тоҷику афғон пешниҳод мекунанд. «Spirit of America» навсозӣ ва дастрасӣ ба интернети баландсуръатро барои Маркази таълимии «Корвон», Маркази технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсия ва Маркази ҷавонони Ваҳдат маблағгузорӣ кардааст, ки ба ҷавонони тоҷику афғон дар шаҳри Ваҳдат имкон медиҳад, ки аз захираҳо ва имконияти таҳсилот бархурдор шаванд.

Дастгирӣ ба мактаби «Сомониён» бар заминаи роҳбарии даҳсолаҳои ИМА дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ва кумак барои тавсеа асос ёфтааст.  Аз соли 1992 то кунун мардуми Амрико беш аз 1.8 миллиард доллар дар барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ироа кардаанд. Дар баробари ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бузургтарин донори кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон барои паноҳҷӯёни афғон дар минтақа боқӣ мемонад, ки  соли гузашта қариб 474 миллион доллар ба ин кишвар кумаки башардӯстона ирсол кардааст.

АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Декабрь 3, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус