Маъмурияти дипломатии Сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Декабрь 13, 2021 16:12

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро баррасӣ карданд.

С.Муҳриддин ба В.Серватюк барои саҳми босазо дар таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ муваффақият орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк эътимодномаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 супорида буд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 13, 2021 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид