Миссияи маҷозии ташхисӣ ва машваратии СУГ оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд

Декабрь 23, 2021 16:43

 ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр тариқи маҷозӣ миссияи ташхисӣ ва машваратии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук.

Сардори Хадамоти гумрук, генерал — лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода изҳор дошт, ки масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти гумрук яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, масъалаи мазкур зимни мулоқоту суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук Кунио Микурия мавриди баррасӣ қарор дошт.

Ҳадаф аз баргузории миссияи мазкур гузаронидани ташхиси идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси стандартҳои СУГ аст, ки самти стратегӣ, салоҳият ва профили кор, банақшагирӣ ва идоракунии самаранокӣ, омӯзиш, рушди касб, музди меҳнат ва имтиёзҳо буда, таъсис додани заминаҳои ҷорӣ намудани идоракунии муосири ба салоҳият асосёфтаи захираҳои инсонӣ дар асоси стандартҳои СУГ ва таҷрибаи беҳтарини байналмилалиро дар бар мегирад. Ҳамчунин арзёбии эҳтиёҷоти интиқодӣ ва камбудиҳои салоҳиятдор дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 низ аз ҳадафҳои дигари миссия ба шумор меравад.

Менеҷери барномаи рушди инсонии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук доктор Си Муҳаммад барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки миссия барои давлатҳои аъзои СУГ дар Осиёи Марказӣ аввалин буда, қадами асосӣ дар пешбурди фаъолияти кадрии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ба шумор меравад.

Намояндаи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин, коршиноси аккредитатсияшудаи СУГ — доктор Ҳуа ТОНГ изҳори омодагии хешро барои такмил додани стратегияи рушди неруи инсонии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, тавсия ва пешниҳодҳои мушаххасро аз таҷрибаи кишвари хеш ва пешқадами ҷаҳонро барои пешбурди ин фаъолият пешниҳод намуд.

Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор шуда буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳокима карданд. Дар ин зимн фаъол кардани ҳамкории судманд бо СУГ барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда баррасӣ карда шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои СУГ-ро қабул намудааст.

Имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо инчунин ба афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватанӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина гузоштанд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби СУГ таҳия ва пешниҳод мешаванд, дар  зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат, инчунин рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа саҳми арзанда мегузоранд.

Бояд гуфт, ки кори миссияи мазкур ҳанӯз идома дошта, то 29 декабри соли 2021 идома меёбад.

АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 23, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад