«ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Декабрь 28, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳошияи татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони «Об — сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, АМИТ «Ховар», вазорату идораҳо, коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконияти обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.

Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад ва аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд. Об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар бисёр кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳаи об дар мавзӯъҳои идоракунии захираҳои обию энергетикӣ, рушди сайёҳӣ ва пиряхҳо, арзишҳои экологӣ ва нақши меҳварии онҳо, обҳои шифобахш- омили ҷалби сайёҳон маърӯзаҳо хонда шуданд.

Қабл аз ҳамоиш  намоиши аксҳо доир ба об, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон доир шуд, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва саҳми он дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур озмуни ҷумҳурияӣ барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ», ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон намуда буданд, ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Ғолибони озмун, ки аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Исфара буданд, бо диплом ва маблағҳои пулӣ, инчунин иштирокдорони фаъол бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад