ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР». ДИЁРИ ОБҲОИ МУСАФФО. Ва ё сайёҳи рус кӯлҳои моро «чашмони нилгун»-и Тоҷикистон унвон намуд

Декабрь 20, 2021 14:23

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тозагию ободӣ ва зебоии шаҳрҳо, маҳаллаҳо, деҳот аз обҳои мусаффо вобастагӣ дорад. Дар ҳақиқат ҳам об — ин покӣ ва рӯшноист. Табиат бо тамоми ҳастияш гуворост, вале об бузургтарин неъматест, ки барои инсоният ва мавҷудоти зиндаю ғайризинда ато шудааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерубахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест» ва ин ақида воқеан дуруст аст. Чунин  нигоштааст  унвонҷӯ ва корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Самариддин МИРЗОЕВ дар мақолаи худ ба озмуни АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст.

  …Бе мавҷудияти об дар табиат ҳаёт вуҷуд надорад. Шояд ҳамин асолати куҳанбунёд ва оини парастишу муқаддас доштани об чун манбаи ҳаёт буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид чунин пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Моҳи марти соли 2003 дар шаҳри Киотаи  давлати Ҷопон конференсияи байналмилалии «Об – манбаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар он Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин пешниҳоди Президенти мамлакат дар сессияи 58-уми Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардид.

Маротибаи дигар Маҷмаи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 Қатъномаеро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 давлати узви СММ қабул намуд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуд, ки  аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун мамлакати пешоҳанг ва ташаббускори мавзӯи об шинохта шудааст.

Манбаи оби дарёҳои Тоҷикистон асосан барфу борон, пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон садҳо кӯлу дарёҳо мавҷуданд ва давлати мо аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ дар миқёси Осиёи марказӣ ҷои аввалро гирифта, дар байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъд аз Федератсияи Русия ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки сабабҳои пайдоиши касалиҳо дар паст будани вазъи иқтисодӣ ва маишии аҳолӣ нисбатан ба талабот ҷавоб надодани сифати оби нӯшокӣ, паст будани вазъи муҳити экологӣ мебошад.

Масъалаи ташвишовари замони муосир- ин ифлосшавии обҳо ва муҳити зисти инсон мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), имрӯз қариб сад ҳазор намуди маводи кимиёвӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамасола боз зиёда аз 2000 намудҳои нави маводи кимиёвӣ ба он илова мешаванд. Ин ба муҳити зист бетаъсир намемонад. Ҳоло аз истеъмоли оби ифлос аҳолии ҷаҳон гирифтори ҳар гуна бемориҳо гаштаанд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҳар 8 сония дар ҷаҳон кӯдаке аз бемориҳои вобаста ба истеъмоли оби ифлос мефавтад. Ҳамин тавр микробҳои зараровари дар об маҳфуз соле 25 миллион касро нобуд месозанд. Дар музофоти Флоридаи ИМА ҳазор чоҳи оби нӯшокиро бинобар ифлосу заҳрнок шуданашон маҳкам карданд. Дар 773 деҳоти Венгрия об аз бисёрии заҳрҳои кимиёвӣ барои нӯшидан ношоям гаштааст.

Набудани оби ошомиданӣ фоҷиаи бузург аст, чунки аз як тараф кашонидани он қимат бошад, аз тарафи дигар, шумораи беморони гузаранда меафзояд. Масалан, дар яке аз шаҳрҳои ИМА 82 %-и оби ошомиданиро аз дигар ҷой меоранд, ки хароҷоти он соле 3,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии манбаъҳои оби пиряхҳои Помир ва дар ин асос камшавии ҳаҷми обҳои дарёҳои Тоҷикистон ва обҳои ошомиданӣ дар маърӯзаҳою мақолаҳои хеш изҳори ташвиш кардаанд. Ҳар сол мардуми сайёра мутобиқи қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 5 июнро чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо тантана ҷашн мегиранд. Онҳо дар ин рӯз ҳамраъйии худро ба табиат — обу Замин изҳор дошта, мардуми оламро ба ҳифз ва парастиши он даъват менамоянд.

Имконияти густариши сайёҳӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Масалан, кӯлҳои Кӯҳистони Зарафшон ва алалхусус кӯҳсори Фон диққати муҳаққиқону сайёҳонро барвақт ба сӯи худ кашидааст ва онҳо ин мавзеъро Швейтсарияи Осиё номида буданд. Зеро дар як маҳалли начандон калон кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи кулоҳсафеди бо чодири барфу пиряхҳо пӯшидашуда, обҳои зулол, чашмаҳои маъданӣ, анбӯҳи ҷангалзори бурсу хаданг, беду буттаҳо басо диққатҷалбкунанда буда, ба парандаю чаранда неруи тоза мебахшанд.

ДАР АКС: Яке аз кӯлҳои Тоҷикистон, ки аз ҳисоби дарёҳои кӯҳӣ ибтидо мегирад, аз ҷониби муаллиф аккосӣ шудааст

Ҳафткӯл

Яке аз донандагони таърихи пайдоиши кӯлҳои мамлакат, корманди идораи «Тоҷиксайёҳ» Фирдавс Шукуров зимни як сафари мо ба ин сарзамини диёрамон ривояти зеринро ҳикоят кард. Ин ривоят тайи ҳазор сол аз даҳон ба даҳон то ба мо омада расидааст.

Ҳазор сол пеш дар мавзее, ки имрӯз кӯлҳо пайдо шудаанд, дарёе ҷорӣ мегашт. Дар поёноб деҳаи хурде буд, ки он ҷо камбағале зиндагӣ дошт. Знндагияш ором мегузашт. Ӯ соҳиби 7 духтари зебою нозанин буда, ягон писар надошт. Як шахси дорои он замон хабар ёфта, мехоҳад ин 7 духтарро ба занӣ гирад. Ва аз ин амалу нияти бой духтарон огоҳ шуда, ҷавоби рад медиҳанд. Номуси 7 духтари ҷавон боло мегирад. Бой маҷбур мешавад, ки бо роҳи зӯрӣ дили онҳоро ба даст орад. Лек духтарон илоҷи халосӣ ҷуста, роҳ сӯйи доманакӯҳ пеш гирифта, ба боло баромадан мегиранд. Раҳораҳ пасу пеш духтарони нозанин аз Худои таъоло илтиҷо мекунанд, ки аз ин бало раҳояшон кунад. Духтарон пиёда то ин мавзеъ мерасанд. Қад-қади дарё роҳ мегаштанд онҳо. Аз ду тарафи дарё кӯҳҳои баланду сарбафалаккашида қомат афрохта бу­данд. Ин дам бо амри Худои таъоло заминҷунбии сахте рух медиҳаду дар натиҷаи он аз 7 ҷойи кӯҳ пораҳо ба поён фурӯ мераванд ва он духтарон зери кӯҳпора мемонанд.

ДАР АКС: Кӯли Нижгони дараи Шинги ноҳияи Панҷакент, ки аз ҷониби муаллиф аккосӣ шудааст.

Ва имрӯз дар он ҷое, ки кӯҳпораҳо фурӯ рафтаанд, 7 кӯли зебо пайдо гашта, он 7 нозаниндухтарро ба ёд меоранд.

Як зумра олимон пайдоиши ин кӯлҳоро аз ҳисоби пиряхҳо (кӯли Ҳазорчашма ва қисман Марғузор) медонанд. Яъне дар давраи ҳукмронии фаъоли пиряхҳо қад-қади во­дии Шинг пирях чандин маротиба (7 ва зиёда) ҳаракат карда, пеш рафтааст ва баъдан ба қафо баргашта, аз худ ҷинсҳои кӯҳиеро, ки бо худ оварда буд, боқӣ мегузорад. Аз ин рӯ, он ҷинсҳо чун сарбанди асосии кӯлҳои ин ҷо ҳисоб мешаванд.

Кӯли Ҳазорчашма аз дигар кӯлҳо бо он фарқ мекунад, ки оби дар ин ҷо маҳфуз аз қисмати болои сарбанд ҷорӣ нагашта, тавассути дарёчаҳои шӯх аз ҳавза ҷорӣ мешавад. Мавҷуд будани чандин чашмаҳо, ки аз зери сарбанди кӯл дар наздикии деҳаи Оби Ҳаёт бурун меоянд, шаҳодати онанд, ки қисме аз оби кӯл аз поёни фурӯрафтаҳо ҷорӣ мегардад.

Аз қисмати ҷанубу шарқии кӯли Ҳазорчашма дарёи Дарахти Сурх ва аз ҷануб дарёи пурмаҷрои софу беғубори Ҳазорчашма ҷорӣ мегарданд. Дар қаноти рости дарёи Ҳазорчашма, дар он ҷое, ки ба дарёи Дарахти Сурх якҷоя мешаванд, тарқишҳои ҷинсҳои боқимондаҳои пиряхӣ (мо­рена) ба назар мерасанд, ки масоҳати зиёдеро ишғол кардаанд.

Сарбанди кӯли Ҳазорчашма аз рӯи шакл, намуди зоҳирӣ ва хусусияти шахшӯлияш аз дигар сарбандҳо ба куллӣ фарқ дорад.

Ҷинсҳои кӯҳие, ки қисми асосии сарбандро ташкил медиҳанд, ковок буда, пораҳои онро хеле хуб суфта намудаанд. Сарбанд аз рӯи намуди зоҳирияш макони фурӯрафтаи замонавии Ҳоитро мемонад, ки дар нишебии ҷанубу шарқи қаторкӯҳи Қаротегин воқеъ аст. Гузашта аз ин ба мавзеи фурӯрафтаи куҳани Анзоб, воқеъ дар дарёи Яғноб низ шабеҳияти бештар дорад.

Пас аз сарбанди Ҳазорчашма, яъне поёнтар аз он кӯли Марғузор бо серобиву ҷилои дилкаши хеш дурахшонӣ мекунад. Агар аз баландие ба кӯл назар афканем, кӯл шак­ли каҷшударо мемонад. Дар атрофи он, хусусан дар қисмати ҷанубу шарқӣ оҳаксангҳои давраи девори мобайнӣ ва болоӣ ҷойгир шудаанд. Дар маркази кӯл ҷинсҳои давраи карбонӣ хеле васеъ паҳн гардидаанд. Дар минтақаи асосии сарбанди кӯл оҳаксангҳои давраи девори поёнӣ ҷойгир шудаанд.

Поёнтар аз тарқиши Марғузор қад-қади водии дарёи асосӣ кӯли Хурдак ҷойгир аст. Сарбанди кӯ­ли Хурдак аз ҳисоби канда шудани ҷинсҳои асосии қанотҳои рост ва чапи водии дарёи Шинг пайдо шудааст. Таркиби асосии ин ҷинсҳо асосан аз оҳаксангҳо ва қисман аз ҷинсҳои варақсангӣ иборат мебошад. Ҳоло кӯли Хурдак ба таҳшинҳои алювиалии қабатҳои ғафс вобаста буда, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби пур шудан онро ба нестӣ овардааст.

Кӯли Нофин дар арзи деҳаи ҳамном, пас аз деҳаи Падрӯд мавқеъ дорад. Дар атрофи қисмати ҷанубии кӯл ҷинсҳои кӯҳии карбонатии давраи палеозой ҷой гирифтаанд. Се кӯле, ки дар поёни кӯли Нофин, қад-қади дарёи Шинг мавқеъ гирифтаанд, дар муносибати сохтори антиклиналӣ, ки бо ҷинс­ҳои кӯҳии давраи силур ба девон иҳота карда шудаанд, вобаста мебошанд. Кӯли Нофин аз ҷиҳати масоҳат ҳиссаи тамоми масоҳати кӯлҳои Шингдараро ташкил медиҳад.

Поёнтар аз кӯли Гушор ва Соя ҳавзае ҳаст, ки он дар натиҷаи равандҳои омадани сели бузург, ки қад-қади селроҳаи Гурдара ҷорӣ мегарданд, пайдо шуда, ду кӯли алоҳидаро таш­кил медиҳад. Сарбанди кӯли Соя пайдоиши фурӯравиро дорад ва аз ин лиҳоз  дарё онро шуста мегузарад. Фурӯравӣ аз қаноти рост ва қисман чапи он ба вуҷуд омадааст.

Қисмати пеши кӯли Мижгон пай­доиши делювиалӣ ва пролювиалӣ дошта, дар сарбанд пораҳои зиёди оҳаксангҳои давраи палеозой вомехӯранд. Аз эҳтимол дур нест, ки вайроншавии соҳилҳои кӯл чандин маротиба ба вуқӯъ пайвастанд.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки баҳри ошкор намудани табиати кӯлҳои Шингдара, дар навбати аввал таҳқиқ ва барқарор намудани таърихи тараққиёти геологӣ, такконии мавзеъ дар марҳилаи геологии неоген ва давраи чаҳоруми геоло­гӣ лозим аст ва аз ҳисоби баландшавии сатҳи замин давраи охири чаҳорумин ҳаракатҳои хеле ҳам фаъоли геологӣ ба назар мерасанд. Ин ҳаракатҳо сабаби ба вуҷуд омадани заминларзаҳои сахт гаштаанд, ки мисоли онро дар пайдоиши чандин кӯлҳои Тоҷикистони Марказӣ дида метавонем. Қисме аз онҳо ҳоло вуҷуд доранду қисме аз сарбанди онҳо канда шуда, дар давраи ҳозира ҷои ҳамвореро боқӣ гузоштаанд.

Аҳамияти кӯлҳои Шингдара, пеш аз ҳама, дар он аст, ки онҳо чун сарчашмаи асосии захираи оби тоза хеле муфид мебошанд. Ин обҳо метавонанд чун боигарии табии мамлакат ин ҷо маҳфуз бошанд.

Баъдан, бо даст додани имконият мо метавонем дар атрофи кӯлҳои ин ҷо осоишгоҳҳову фароғатгоҳҳо ва лагерҳои сайёҳӣ бунёд созем ва табиату манзараҳои ин кӯлҳо ба ин мусоидат менамоянд.

Сарбанди кӯлҳои Шинг чун сохтмони тайёр баҳри бунёди неругоҳҳои барқӣ хеле мусоиданд. Ин неругоҳҳо метавонанд на танҳо аҳолии ин минтақаро бо неруи барқ таъмин намоянд, балки дар таъмини барқ барои инкшоф додани саноати маъдан муфид бошанд. Дар воқеъ, дар наздикии кӯли Ҳазорчашма ко­ни ангишт мавҷуд аст, ки дар сурати ба роҳ мондани сохтмони ин гуна неругоҳҳо онҳо метавонанд дар истихроҷу коркарди захираҳои он фоидаовар бошанд.

Кӯлҳо сарзамини пурасрор ва биҳиштосоямонро ба чашми бинандагон боз ҳам зебо менамоянд. Яке аз нахустин сайёҳони рус, ки таассуроти амиқашро аз шукӯҳи кӯлҳои ҷумҳурӣ ба мо иброз дошт, онҳоро «чашмони нилгун»- и Тоҷикистон унвон намуд.

Пиряхҳо

Таъсири деградатсияи пиряхҳо ва норасоии об дар ҳамвориҳо боиси мушкилиҳои зиёд мегардад. Идораи захираҳои обӣ масъалаи калидӣ барои Осиёи Марказӣ, хусусан, ҳавзаи баҳри Арал маҳсуб мешавад. Барфҳою пиряхҳои обшуда манбаи асосии дарёҳои асосии минтақа, яъне Амударё ва Сирдарё мебошанд. Ҳаҷми асосии ҷоришавии об дар минтақа ба баҳору тобистон рост меояд. Аз солҳои 1990 cap карда, захираи ҷоришавии оби табиӣ дар Сирдарё ва Амударё ба миқдори мутаносибан 150 ва 110% мавриди баҳрагирӣ қарор гирифта буданд. Вазъияти ногуворро дар ин ҳолат танҳо дар натиҷаи истифодаи такрории обҳои баргарданда тавонистанд рафъ намоянд. Шигифтовар он аст, ки дар 70-80 соли охир меъёри ҷоришавии дарёҳои асосӣ қариб, ки тағйир наёфтааст, яъне захираҳои обӣ чун пештара боқӣ мондаанд. Ба камшавии то андозае бисёри пиряхҳо нигоҳ накарда, тақсими дохилисолонаи ҷоришавӣ устувор мондааст.

Дар давраи зикргардида ҷамъи боришу барф ва ғунҷоиши максималӣ дар минтақаи фарогири ҷоришавӣ амалан дигар нагаштааст. Аз ин рӯ, сабаби норасоии афзояндаи об дар минтақа  нарасидани об набуда, балки дар истифодаи нодуруст ва номукаммалии шабакаи идораи захираҳои обист.

Идораи нодурусти захираҳои обӣ дар минтақа аллакай то аввалҳои солҳои 60 ба чашм мерасид. Он замон Ҳукумати марказии Шӯравӣ хост, ки миқдори беандоза калони обро аз Сирдарё ва Омударё баҳри обёрикунии майдонҳои ниҳоят калони пахта дар Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон гирад. Дар натиҷа, норасоии об дар ҳавзаи Сирдарё дар давраи солҳои 1960-1990 хеле тез афзуд. Ҳамзамон истифодаи пестисидҳо ва гербисидҳо дар заминҳои киштзор низ якбора зиёд гашт. Аллакай дар солҳои 1960 аз Сирдарё ба баҳри Арал на зиёда аз 25 % маҷмӯи захираҳои ҷоришавии табиии дар ҳавза буда дохил мешуд. Ин шаҳодати он аст, ки таъсири хочагидории муқарраргашта ба муҳити табиии ҳавза то саршавии даври «пахта» аз ҳад гузашта буд. Обёрикунии паҳнмиқёси заминҳо дар ин ҷо солҳои 1930 оғоз ёфта буд. Дар давраи солҳои 1970-1989 маҷмӯи талафоти обҳо дар ҳавза то ба 13,8-14,2 км3/сол афзуд. Ин талафот ба афзоиши тези майдонҳои киштзор ва пур кардани обанборҳои бешумори дар минтақа сохташуда пайвастагӣ дорад. Дар айни ҳол дар ҳавзаи баҳри Арал метавон тақрибан 100 обанбор ва 24000 км каналҳои обёрикунандаро шумурд. Талафот танҳо аз сатҳи обанбори Арнасай ба 6 млрд.м3/сол баробар аст. Имрӯз масоҳати баҳри Арал танҳо чоряки баҳри 50 сол пеш мавҷударо ташкил медиҳад.

ДАР АКС: кӯлҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ дар натиҷаи деградатсияи (коҳиши) пиряхҳо пайдо мешаванд.

Мувофиқи пешгӯиҳое, ки ба моделҳои умумии гардиши атмосфера асоснок карда шудаанд, ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани нақшаи пессимистии иқлим захираҳои обии минтақа аллакай дар асри ҷорӣ то 40 % коҳиш меёбад.

Чуноне дар боло зикр намудем, новобаста аз коҳиши пиряхҳо ҳаҷми миёнаи бисёрсола ва тақсимоти дохилисолонаи ҷоришавӣ амалан тӯли чанд соли охир тағйир наёфтааст. Ин асос мешавад, ки мавҷудияти механизми ҷуброниро тахмин намоем.

Гармшавии глобалӣ ба болоравии ҳарорат, обшавии пиряхҳо ва яхҳои зеризаминӣ, ки дар қабати яхбандии абадӣ  ҷойгиранд, оварда мерасонад. Мавҷуд будани захираҳои яхҳои зеризаминӣ дар қабати яхбандии абадӣ асоси механизми ҷубронӣ мебошад. Дар натиҷа ҷоришавии дарё дар ҳавза бетағйир мемонад. Ба деградатсияи пиряхҳо нигоҳ накарда, таъсири механизми ҷубронии зикргардида метавонад чанд даҳсолаи аввал баъди пурра об шудани пиряхҳо идома ёбад. Бояд ба назар дошт, ки захираи яхҳои зеризаминӣ ба захираи пиряхҳои ҳозира дар кӯҳсори Осиёи Марказӣ баробар буда, дар Чин ду баробар зиёд аст. Тамоюли обшавии онҳо низ назар ба пиряхҳо хеле камтар аст. Аз ин рӯ, бояд умедвор буд ки деградатсияи давомкунандаи яхбандӣ дар даҳсолаи аввал ба на зиёда аз 35% коҳиш ёфтани ҷоришавӣ ва захираҳои минтақавии обӣ оварда мерасонад.

Албатта, ин хулоса гузориши тадқиқоти махсуси комплексии мақсадноки дар сатҳи байналхалқӣ ва минтақа назоратшавандаро тақозо менамояд. Ҳалли ин масъала бе  кумаки ҳукуматҳои миллӣ ва донорҳои байналхалқӣ ғайриимкон мебошад. Қисми зиёди тавсияҳои коркардшуда ба соҳаи мукаммалсозии шабакаҳои идоракунии захираҳои обӣ тааллуқ дорад. Дар қатори он тавсияҳо оид ба иваз намудани рустаниҳои обталаб дар заминҳои кишт мебошад. Мутаассифона, ба кӯшиши роҳбарияти кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, вазъият дар соҳаи истифодаи якҷояи оқилонаи захираҳои обӣ бо сабабҳои гуногун мураккаб монда, майл ба тезу тундшавӣ дорад. Дар ҳавза сохтмони обанборҳои нав ва афзоиши масоҳати заминҳои обёришаванда давом дорад. Ҳамзамон сатҳи баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа нигоҳ дошта мешавад. Вазъиятро масоили дохиликишварӣ низ душвор мегардонанд. На ҳамаи давлатҳо стратегияи обии ба қолаби муайян даромада доранд. Ғайр аз ин асосҳои басандаи ҳуқуқии идораи захираҳои обии фаромарзӣ ва меъёрҳои қобили қабули байнидавлатӣ мавҷуд нестанд.

Аз баъзе маълумот бармеояд, ки миқдори зиёди пиряхҳо дар даҳсолаи охир аз байн рафтаанд ё коҳиш ёфтаанд ва сабаби инро дар дигаргуншавӣ ва тағйирёбии иқлим медонем. Аз таърих ва эволютсияи замин мо бархурдор ҳастем, ки яхбандиҳои доимӣ ва бузург дар табиат доимо вуҷуд надоранд, давраҳои яхбандӣ ба гармшавӣ ва коҳиши пиряхҳо оварда мерасонанд. Ин ҳодисаи муқаррарист ва тағйирёбии давр ба давр аз табиати диалектика барои мо маълум аст.

 Обҳои зеризаминӣ

Обҳои зеризаминӣ манбаи хуби оби ошомиданиянд ва тавассути чашма берун шуда, дарёҳоро ғанӣ мегардонанд ва дар хоҷагии халқ васеъ истифода мешаванд.

Аксари чашмаҳои Тоҷикистон барои ташкил кардани шифохонаҳо, хонаҳои истироҳату осоишгоҳҳо ва рушди туризм дар Тоҷикистон мувофиқ мебошанд. Чунин шифохонаҳо, ба монанди Хоҷа Обигарм, Шоҳамбарӣ, Шаҳристон, Гармчашма на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он низ маълуму машҳур мебошанд. Қариб дар тамоми ҷумҳурӣ обҳои шифобахш дида мешаванд. Таркиби обҳои минералӣ аз муҳити географии он маҳалҳо вобаста буда, асосан аз ҳамаи таркибҳо бой мебошад, ки дар муҳит ва хусусан дар ҷинсҳои кӯҳӣ дида мешаванд. Чашмаҳое, ки гази карбонат доранд, хусусияти табобатиашон хеле хуб аст. Чашмаҳои  минералии Тоҷикистон дар таркибашон на танҳо моддаҳои гуногуни кимёвӣ, балки аксари онҳо ҳарорати баланд низ доранд, ки ин таъсири табобатии онҳоро зиёд мекунад. Гармии оби аксари чунин чашмаҳо то 95-98 дараҷа мерасад.

Тоҷикистон аз чашмаҳои минералӣ (маъданӣ) ва термалӣ (гарм) бой аст. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахш Хоҷа- Обигарм (ноҳияи Варзоб), Обигарм (ноҳияи Файзобод), Оксикон (ноҳияи Ашт), Ҳавотоғ (ноҳияи  Истаравшан), Явроз (дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат), Гармова ва Ҷавонии ноҳияи Файзобод), Сангхок (Хоҷасангхоки ноҳияи  Варзоб), Қаротобон (силсилакӯҳҳои Ҳисор), Анзоб (қаторкӯҳҳои Ҳисор), Такамор (ноҳияи  Айнӣ), Навбеда (қаторкӯҳҳои Ҳисор), Шоҳамбарӣ (ноҳияи Ҳисор), Ҷилондӣ (ноҳияи Шуғнон), Гармчашма (ноҳияи  Шуғнон), Гармчашма (ноҳияи  Ванҷ), Баршор (ноҳияи  Ишкошим), Авҷ (ноҳияи  Шуғнон), Чилучорчашма (ноҳияи  Шаҳритуз), Шифо (ноҳияи  Исфара), Тамдикӯлу Питавкӯл (Қаротегину Олой), Андигон (ноҳияи Ваҳдат), Баҳмиру Бахтиёр (Помири Шарқӣ), Даршай (водии Сасиқкӯл), Дастирост  (ноҳияи Ванҷ), Ёс (ноҳияи  Ваҳдат), Зунт (ноҳияи  Файзобод), Чурш (ноҳияи Ишкошим), Андароб (ноҳияи  Ишкошим), Меҳмонюлӣ (Помири Шарқӣ), Миёнадара (ноҳияи  Ванҷ), Пушён (ноҳияи  Восеъ), Гумбулоқ (ноҳияи  Файзобод), Мулошайх (ноҳияи Файзобод), Бибӣ Заведа (деҳаи Туғмазори Норак) мебошанд.

Хушбахтона, бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сайру саёҳат ва сафар ба гӯшаву канори  дунё осон гардидааст. Чунки суботу оромӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба шумор меравад. Хушбахтона, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои наве рӯи кор оварда истодааст, ки бешак, ба пешрафти ин соҳа таъсири назаррас мегузоранд.

Боиси тазаккур аст, ки сайёҳони хориҷӣ бештар ба сарватҳои табиӣ, хусусан дарёҳову чашмаҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, растаниҳои доруворӣ, ҳавои хушу муътадил ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мутаваҷҷеҳ мебошанд.  Маҳз барои ҳамин ворид  шудани   сайёҳон ба  Тоҷикистони биҳиштосо  сол аз сол афзуда истодааст. Аз ҷиҳати обҳои мусаффо, кӯлҳо, чашмаҳои зеризаминӣ ва табиати дилфиребаш «Боми ҷаҳон» ном гирифтани Тоҷикистон имрӯзҳо вирди забони ҳамагон гардидааст. Ба гуфтаи бархе  аз сайёҳон, ба назарашон Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи олам аст, ки дар ин ҷо  нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин  аст.

Бояд зикр намоям, ки чанд маротиба ба Осоишгоҳи Хоҷа-Обигарм рафта, дар баробари истироҳат аз таърихи он низ бархурдор гардидаам. Осоишгоҳи мазкур мавзеи сайёҳию табобатӣ буда, дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.  Дар ҳудуди осоишгоҳи мазкур ду дарёчаи хурд, дарёчаи оби Мазор ва дарёчаи оби Қаландар бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Осоишгоҳи мазкур оби маъдании фаровон дорад, ки ҳарорати он то +98 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъдании радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз он беш аз 20 чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон дорои ҳарорати нисбатан баланд буғи гарм хориҷ мешавад, ки он буғи радиоактивӣ буда, таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки осоишгоҳ аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта,  ҳар сол дар он ҷо мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, то 7-8 ҳазор нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ табобат мегиранд. Дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, узвҳои ҳаракат, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд.

Дуруст аст, ки об захираи бузург буда, воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Об ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки об дар таркиби пайвастагиҳои химиявии ҳуҷайраҳо бо миқдори гуногун вомехӯрад. Дар бадани ҳайвонот аз 60 то 90% дар растаниҳо аз 75 то 65%.

Аз сабзавот дар таркиби бодиринг, помидор, карам, шалғам ва сабзӣ 90% об мавҷуд аст. Об чунин пайвастагии табииест, ки онро бо ягон пайвастагии дигар иваз кардан мумкин нест. Ин модда дар танзими иқлим, обу ҳаво, ҳосилкунии хок нақши калон дорад. Об боигарии табиӣ ва манбаи асосии иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Об 71%-и кураи Заминро дар шаклҳои гуногун ташкил медиҳад (уқёнус, пирях, кӯлу дарё, буғи атмосфера, намнокии замин).

Бо ин нишондод гидросфера аз 4   3 ҳиссаи кураи Заминро ишғол мекунад. Қисмати обии сайёраро гидросфера меноманд (к. лотинии «гидро»-об, «сфера»-кура). Гидросфераро ба се қисмат ҷудо кардан мумкин аст: обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои зеризаминӣ ва обҳои дар ҳаво мавҷуда. Барои соҳаҳои гуногун истифодаи об бо % дар чунин шакл аст: хоҷагии қишлоқ 90 %, саноат 5 %, аҳолӣ 3 %, соҳаҳои гуногун 2 %.   Дар хоҷагии қишлоқ барои истеҳсоли зироати кишоварзӣ дар як гектар кишт чунин миқдор об лозим аст: ҷуворӣ-3000 м3, карам-8000 м3, шолӣ-12000-20000 м3.

Ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе дар як рӯз ба як одам 160л об рост меояд. Ҳоло мувофиқи ҳисоботи мутахассисони корхонаи «Обу корези Душанбе» дар 24 соат 1600л. об ба сари ҳар шаҳрванд рост меояд. Оби нӯшокӣ обест, ки аз ҳамаи элементҳои вазнин тоза карда шудааст.

Хуни инсон, ки таркиби асосии онро об ташкил медиҳад, аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоситҳо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале Вируси норасоии масунияти бадан бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Аз ҳамин лиҳоз системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Он қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.

Таҳлилҳои дар боло овардашуда собит менамоянд, ки об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо мебошад. Таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то синни яксолагӣ 80-85% аз об иборат аст, дар ҳолати расидан ба синни 18 таркиби об то ба 65-70% ва дар пиронсолӣ то ба 25% мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмин намудани организми инсон бо оби босифат ва бо миқдори кифоя зарур аст, ки ҷараёни мубодилашавии оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Аз сифатнокии об сифати ҳаёти мо вобастагӣ дорад. Об баъд аз кислород моддаи дуюми муҳим барои организми инсон мебошад. Маълум аст, ки аз 2/3 ҳиссаи таркиби бадани инсон аз об иборат аст ва беҳуда нест, ки инсон то 4 шабонарӯз метавонад бе хӯрдани ғизо умр ба сар барад, аммо бе об на зиёда аз 7 шабонарӯз.

Инсон нақши калидии обро дар ҳаёти худ ба назар намегирад, то он даме, ки ба он доимо дастрасӣ дошта бошад, аммо агар тайи якчанд соат аз об маҳрум бошад, пас қимати онро дарк мекунад. Мо ба зудӣ ҳангоми тағйир ёфтани об дар бадан онро дарк менамоем. Мисол, дар ҳолате, ки то 2%-и об аз бадани инсон ихроҷ мегардад, пас шахс ташнагиро ҳис мекунад, дар сурати 6-8% ҳолати мадҳуширо ҳис мекунад, дар сурати 10% нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳумӣ (галлютсинатсия) пайдо мегарданд ва дар сурати 12% мавҷуд набудани об инсон мемирад. Аз ин хотир мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои инсони солим меъёри истеъмоли ҳаррӯзаи об бояд то ду литрро ташкил диҳад.

Модоме ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас вазифадорем, ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нафаре ин муъҷизаи бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбат ба он раво бинад, зеро:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар инсони асил аст.

Дар таърихи башарият мисли об ягон манбаи табиии дигар нақши муассирро барои мавҷудияти ҳаёт дар сайёраи Замин нагузоштааст.

Агар садҳо ва ҳазорҳо бор дар бораи об ҳарф занем, ин боз ҳам кам аст.

Пешниҳодҳо:

Дар натиҷаи таҳлилҳо вобаста аз рӯи  ғизогирӣ ва гурӯҳбандӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои мероси бой, обҳои мусаффо, кӯлҳо, чашмаҳои табобатии дилфиреб буда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад, 15 пешниҳоди банда дар ин самт чунин аст:

  1. Пеш аз ҳама, сохтмонҳои бузурги гидротехникӣ дар дарёҳои калон ва НБО-ҳои хурди обӣ дар дарёҳо ва шохобҳои калони дарёҳои Панҷ, Зарафшон, Вахш, Кофарниҳон ва дигар дарёҳои тартиби дуюму сеюм сохта шаванд. Ин имконият медиҳад, ки аҳолиро бо рӯшноӣ пурра таъмин намоем ва норасоии онро аз байн бардорем.
  2. Ба низом даровардани ҷоришавии дарёҳо яке аз самтҳои муҳими стратегияи истифодаи обҳои сатҳӣ мебошад, ки ин амалро дар якҷоягӣ бо давлатҳои ҳамсоя анҷом додан мумкин аст.
  3. Дарёҳо ва шохобҳои хурду калонро баҳри обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида, санглоху сангзор, даштҳо ба таври васеъ истифода намудан мумкин аст.
  4. Дар Тоҷикистон бисёр хонаҳои истиқоматӣ, боғу роғҳо дар селроҳаҳо бунёд мешаванд. Аз ин рӯ, соҳилбандии чунин дарёҳо баҳри эмин нигоҳ доштани ин мавзеъҳо аз хатари селфароӣ дар мадди аввал меистад ва дар ин ҷойҳо низ заминҳои санглох хеле зиёданд, бинобар ин мелиоратсияи ин заминҳо дар оянда аз аҳамият холӣ нест. Мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо имконият медиҳад, ки масоҳати заминҳоро қад-қади соҳилҳои дарёҳо васеъ намоем, хусусан барои инкишофи соҳаи шолипарварӣ муфид мебошад.
  5. Рушди ҳавзҳои моҳипарварӣ, парандапарварӣ ва дигар намуди ҳайвонҳое, ки зиндагии онҳо ба оби дарёҳо вобаста аст, аз рӯи мавҷудияти намудҳои онҳо дар маҳали ба лоиҳа гирифташуда ба роҳ монда шавад.
  6. Ба танзим даровардан ва имконияти истифодаи обҳои сатҳӣ, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани дарёҳо (экологияи обҳои сатҳӣ) яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
  7. Васеъ намудани масоҳати ҷангалҳо эрозияи соҳилиро паст намуда, онҳоро аз вайроншавӣ эмин медорад.
  8. Оби кӯлҳои ширинро дар оянда ҳамчун захира нигоҳдорӣ бояд намуд.
  9. Табибони тоҷик дар асоси дастовардҳои илмии хеш метавонанд боигарии миллат — саломатӣ ва манбаи асосии он- оби тозаро ташвиқу тарғиб намоянд.
  10. Барои пешгирии коҳиши пиряхҳо дар Тоҷикистон мониторинги пиряхҳо ташкил карда шавад, то ин ки динамика ва сабабҳои деградатсияи онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шавад.
  11. Тадқиқот муайян кардаанд, ки обҳои минералии Тоҷикистон тамоми хусусияти табобатиро доранд. Ҳар як ноҳияи Тоҷикистон ва дараҳои он барои сохтани санатория ё хонаҳои истироҳатӣ шароити хуб дорад. Дар давраи ҳозира мувофиқи тараққиёт ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунада аксар чашмаҳое, ки ба марказҳои аҳолинишин наздиканд, пурра омӯхта шуда, аз ҷиҳати иқтисодӣ бояд асоснок карда шаванд.
  12. Тоҷикистон, тавре ки гуфтем, зиёда аз 200 чашмаи шифобахш дорад. Бояд дар ояндаи наздик мутахассисони соҳаи махсусгардонидашудаи ҷумҳурӣ ба ин соҳаи муҳим аҳамияти зарурӣ диҳанд.
  13. Дар ҳамаи он чашмаҳое, ки шароити мусоид доранд, корхонаҳои оби минералӣ сохта шавад ва мағозаҳои ҷумҳуриро бо ин обҳои шифобахши тозаи истеҳсоли худӣ таъмин кунанд, то аз хориҷи мамлакат ин гуна обҳоро бо маблағҳои гарон ба ҷумҳурӣ ворид накунем. Қисми онро ба мамлакатҳои хориҷӣ содир намуда, сатҳи иқтисодиёти ҷумҳуриамонро баланд бардорем.
  14. Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ 1л об 50- 60 дирамро ташкил мекунаду дар мағозаҳои ҷумҳурии мо обҳои минералии Тоҷикистон хеле каманд. Аз мутахассисони ҷумҳурӣ талаб карда шавад, ки хусусияти ин чашмаҳоро омӯзанд ва истифодаи пурраи онҳоро ба роҳ монанд.
  15. Зарур аст, ки шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва муаллиф

Декабрь 20, 2021 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОБ – ГАРАВИ РУШДИ ДЕҲОТ ВА САЙЁҲӢ». Озмуни АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷамъбаст гардид
«ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ доир мегардад
БА ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР»: Имсол Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо таҳти шиори «Кӯҳҳо ва туризми устувор» таҷлил мегардад
ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР»: Тоҷикистон – диёри обҳои зулол
ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР». ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ МАҲБУБИ САЙЁҲӢ. Ҳар гӯша, кӯлу дарё ва ёдгориҳои қадимияш гӯё махсус барои сайр ва баҳрабардорӣ аз табиати рӯҳафзо офарида шудаанд
ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР». САЙЁҲИИ ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ: Тоҷикистон бо нодиртарин обҳои шифобахшаш метавонад дар ин самт яке аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон гардад
Ғолибони даври аввали озмуни «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» муайян ва қадрдонӣ шуданд
ТОҶИКИСТОН – МАЪВОИ КӮЛҲОВУ РӮДҲОВУ ОБШОРОН. Ва ё Падидаву шоҳкориҳои беназири табиат дар сарзамини мо
САЁҲАТ БА МАКОНҲОИ ЗИЁРАТӢ. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад ба рушди соҳа ва иқтисоди миллӣ таъсири амиқ гузорад
«МЕХОҲАМ БОРИ ДИГАР ОН ҶО БОШАМ…». Ҷаҳонгарди аврупоӣ Софи Робертс хотироти ҷолиби хешро доир ба Тоҷикистон дар «Файнаншл Таймс» нашр намуд
«ОБ – ГАРАВИ РУШДИ ДЕҲОТ ВА САЙЁҲӢ». АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти ин унвон барои эҷоди беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ озмун эълон менамоянд