ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР». ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ МАҲБУБИ САЙЁҲӢ. Ҳар гӯша, кӯлу дарё ва ёдгориҳои қадимияш гӯё махсус барои сайр ва баҳрабардорӣ аз табиати рӯҳафзо офарида шудаанд

Ноябрь 21, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ«Ховар»/. Солҳое пеш, дар замони шӯравӣ ҳангоми саёҳат дар як кишвари хориҷӣ бо гурӯҳи сайёҳон аз ҷумҳуриҳои гуногун моро тавассути автобус ба тамошо ва зиёрати мавзее бурданд, ки аз шафати кӯҳсор беш аз як соат роҳ дошт. Банда, ки интизори дидани ягон мӯъҷизаи табиат будам, оқибат дидам, ки ин ҳама сайр ба хотири дидани як кӯли ҳақире дар баландии доманаи кӯҳ аст. Ба шариконам гуфтам: дар кӯҳистони мо даҳҳо кӯлҳои аз ин зеботару шодобтар, рангину дилработар дар иҳотаи арчазорони сабзу хуррам ва майсазорони шодоб мавҷуданд, ки ин кӯл дар назди онҳо хеле ҳақир аст. Аммо, офарин ба ин мардуме, ки метавонанд аз хурдтарин имконияти табиаташон истифода кунанд. Ҳар рӯз даҳҳо гурӯҳи сайёҳонро ба ин ҷо меоранд ва ин тамошо бе пул нест, балки даромаде ба хазинаи давлати он кишвар медиҳад.

Мавзӯи кӯлҳои кӯҳистони Тоҷикистон мавзӯи ҷолиби дигарест, ки барои тамошо ва баҳрабардорӣ аз дидори онҳо меарзад аз тамоми гӯшаҳои олам сайёҳонро ҷалб кард. Кӯли Сарез, Кӯли Калон, Искандаркӯл, кӯли Аловуддин, Ҳафткӯл…  ва даҳҳои дигар, ки яке аз дигаре зеботару дилработару рангинтару  ҷолибтаранд.

Воқеан, Тоҷикистони биҳиштосо ва хурраму шукуфони мо бо табиати худододу бешабеҳ, суннату маросими олӣ, мардуми ҳунарманду офаридгори худ хусусан барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сарзамини хеле созгор аст. Бубинед, дар он ҳар қаламраву ҳар гӯша гӯё махсус барои сайру саёҳат ва баҳрабардорӣ аз табиати рӯҳафзо офарида шуда бошад.

Ҷолибият ва мумтоз будани Тоҷикистони мо барои рушди сайёҳӣ чанд заминаву самтҳо дорад. Самт ва заминаи авввали он табиати худододи сарзамини мост, ки  хеле ғанӣ ва рангин аст. Ва биёед бубинем, ки ин рангинӣ дар чӣ зоҳир мешавад? Аввалан,  ин табиатест, ки  дорои қуллаҳои сарбафалак, пиряхҳои бузург буда,  сарчашмаи оби поку зулол аст. Аз қуллаҳои баланду нозанини кӯҳистони мо садҳо чашмаву обшор ва рӯдҳои беғубор ҷориянд, ки ҳар сайёҳро мафтун мекунанд.

Дигар ин ки кӯҳсори мо дар ҳама кунҷу канораш сурату симои хос ва бемонанди худро доранд. Сипас, ин кӯҳистон дар мавзеъ ва мавқеъҳои гуногун бо ҳусни хосса ва рангҳои гуногун ба назар мерасаду тамошобинро тасхир месозад. Кӯҳҳои рангин: ҷойе ҷангали арчазор, ҷойе ҷангали чормағзу бодому писта, ҷойе майсазори сабзу хуррам, ҷойе лолазори беохир ва ҳазорон анвои гулу гиёҳи табиии худрӯй, кӯлҳои шодобе, ки дар ҷаҳон назир надоранд …

Агар самти аввали рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистони азизи мо тамошои табиат ва мӯъҷизаҳои нотакрори он бошад, самти дигари он  тамошову баҳрабардорӣ аз анъана ва суннату ойинҳои рангобаранг ва пурмазмуни миллӣ метавонад бошанд. Зеро ҳар маросим, анъана ва ҷашнҳои миллии мо падидае беназир буда, ҳар сайёҳе метавонад мафтуни онҳо бишавад ва солҳои охир мо мебинем, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзу Меҳргону Сада теъдоди зиёди сайёҳон майлу хоҳиши иштирок дар онро доранд ва ин теъдод сол аз сол меафзояд. Ҷашнҳои миллии мо аз он ҷиҳат сайёҳони хориҷиро ба худ  мекашанд, ки дар онҳо суннатҳои зиёди зебои миллӣ баргузор мегарданд, ки диданию тамошобобанд. Баъдан, як сабаби ба дилҳо роҳ ёфтани ин суннатҳои миллии тоҷикӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо башариянд, ҳадафу ниятҳои неку зебои инсониро  пайгирӣ мекунанд, ҳамаи онҳо инсонҳоро ба ҳам меоранд, ҳамдилу ҳамандеша месозанд.

Самти сеюми рушди сайёҳиро дар кишвари мо метавон марбут ба ҷолибии ҳунарҳои  мардумӣ донист. Маҳсули ҳунарҳои мардумии мо на фақат ҷозибу дилрабову кашандаанд, балки беҳтарин дастовез ва туҳфаи ёдгорӣ барои ҳар сайёҳ шуда метавонанд. Аз кулоҳҳои санъаткорона дӯхташудаи тоҷикӣ, ки дар ҳар мавзеву  маҳал рангу зебоӣ ва намуди ҷолиби хоси худро доранд, то пероҳанҳои атласу адрасу чакан, маҳсулоти ҳунари дастии устоҳои мумтоз, занону мардони эҷодкори тоҷик, ки ба онҳо метавон сӯзаниҳои беҳамто, зардӯзиҳои бешабеҳ, ҷӯробҳои мунаққаш ва ғайраву ғайраҳоро ҳамроҳ намуд, ҳамаро метавон ба  сайёҳони хориҷӣ пешниҳод кард ва тавассути он ҳам ба рушди сайёҳӣ ва ҳам ба рушди ҳунарҳои  миллии мо мусоидат намуд.

Дар ин радиф мо бояд ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони кишварамонро ба анвои бузургу рангоранги хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, мисли шакаробу қурутобу обмеваҳои мухталифу анвои ғании ғизоҳои ширӣ  фаромӯш накунем.

Пешниҳоди меваву сабзавоти лазизу аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар радифи алоҳида буда, ба он метавон анвои хеле зиёди гиёҳҳои шифобахши табиати биҳиштии мо ва дорувориҳое, ки табибони мардумии мо аз ин гиёҳҳо омода мекунанд, илова намуд. Чунон ки мебинед, ин рӯйхате, ки мо таври мухтасар овардем, барои дар сатҳи аъло ташкил намудан, истиқбол ва пазироии сайёҳони хориҷӣ дар кишвари мо метавонанд заминаву асосҳои бебаҳс гузорад.

Ин ҳама далелҳо барои он оварда шуданд, то нишон диҳем, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад яке аз соҳаҳои рушди иқтисодии кишварамон гардад. Тоҷикистони азизи мо, ки дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табииву ҳунарӣ мебошад, воқеан барои ҷалби теъдоди хеле зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Маҳз бо дарназардошти ҳамин омилҳои зикршуда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Баъд аз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ якчанд санадҳо қабул гардиданд, ба монанди  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Оид ба тасдиқ намудани чораҳои аввалиндараҷа оиди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998»,  «Оид ба сертификатсияи маҳсулот ва хидматрасонӣ», «Оид ба сайёҳӣ». Ҳамаи ин санадҳо асоси меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи сайёҳӣ ба вуҷуд оварданд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо диққати сайёҳони оламро ба худ ҷалб карда буд. Ва агар ба таърихи дуртар назар кунем, ҳанӯз дар асрҳои миёна ва ҳатто қадимтар аз он сайёҳони машҳури олам аз ин сарзамин гузар доштаанду дар сифати табиат ва хусусиятҳои этнографии он андешаҳои ҷолиб баён кардаанд. Худи ҳамин дар қаламрави Шоҳроҳи абрешим қарор доштани  сарзамини мо  далелест ба ривоҷи сафару саёҳатҳои мардуми хориҷа дар замони мозӣ ба ин қаламрав.

Дар замони шӯравӣ низ Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаи сайёҳон буд, то ҷойе, ки дар баъзе кишварҳои масалан Аврупо рисолаву  дастурҳое дар мавриди арзишҳои сайёҳӣ доштани баъзе мавзеъҳои  кишвари мо таълиф гардида буданд. Дар замони шӯравӣ яке аз нуқтаҳои оламшумули  кӯҳнавардии байналмилалӣ дар Тоҷикистони мо қарор дошта, фатҳи қуллаҳои Помир яке аз ҳадаф ва орзуҳои баланди сайёҳони кӯҳнаварди олам интихоб шуда буд.

Дар замони мо бо мақсади ба ҷараёни туризми байналмилалӣ шомил шудани Тоҷикистон, аз соли 2008 инҷониб масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини  сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин, Токио, Лондон ва Москва баргузор мегарданд, иштирок намуда, Тоҷикистони моро  муаррифӣ менамоянд. Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари  дорои  4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим  эътироф гардидааст.

Дар  даврони соҳибистиқлолиятӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи  самаранокии захираҳои об аз соли 2009 дар доираи  барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи  байналмилалӣ барои фатҳи  қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад. Дар экспедитсияи кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Фаронса, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Русия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осиёи Марказӣ беҳтарин ва бештарин  имкониятро барои рушди сайёҳӣ  доро буда, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ,  махсусан «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012)  дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, (сомонаи  интернетии «Globe Spots» соли 2014) ҷой гирифта, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ, (нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geoqraphic» дар соли  2016) шомил аст. Шоҳроҳи  Помири Тоҷикистонро  дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, (маҷаллаи  ТОП-100 дар соли 2015,) эътироф кардаанд ва  3 минтақаи Тоҷикистон ва  кӯҳҳои Помири Тоҷикистон  (соли 2016) аз рӯи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид  ба сафи дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.

Ҳамзамон дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи  сайёҳӣ, ки  аз ҷониби  Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир  мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, давоми ду сол аз мавқеи 119 ба ҷойи 107-ум боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати  кишварҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида зикр  шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон  дар зинаи сеюм  қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Соли 2017 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат «Стратегияи  рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло амалӣ мешавад.

Дар замони эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори нахуст дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба беш аз як миллион расид.

Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ аз ҷониби созмонҳои  байналмилалӣ саривақтӣ арзёбӣ гардид. Дар радифи  ин ташаббуси фарогир Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳанги асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви созмон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳиро барои соли 2020 Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон дошт.

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони  ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани  пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии  сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 симои сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён  муаррифӣ ва машҳур намуд. Дар сафи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил гаштани шоҳроҳи Помир ҳамчун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин ба қатори 19 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи  кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва  саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани сайёҳии мамлакат ва дар ин росто касб намудани мавқеи намоён дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ иншооти муосири хидматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки ҳамаи ин ҷузъи муҳими инфрасохтори  сайёҳӣ маҳсуб мешавад.  Меҳмонхонаи «Чорчаман Хилс», дар ноҳияи Дарвоз, «Саразм плаза» дар шаҳри Панҷакент, «Манзара» дар ноҳияи Ховалинг, «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи бунёдкориҳоеанд, ки имкон медиҳанд мо дар дурдасттарин  минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат расонем.

Бо мақсади пиёда намудани тарҳи рушди деҳот бозсозии роҳҳои назди ёдгориҳои таърихӣ, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хидматрасониҳои муосир дар соли 2021  пешбинӣ шудааст. Дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманд чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ- «Чилучорчашма», «Хоҷа Машҳад», «Ҳулбук» ва «Ямчун» дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба сатҳи байналмиллӣ мувофиқ гардонида мешаванд.

Мо умедворем, ки пас аз ин бунёдкориҳо сарзамини биҳиштосои мо, ки имрӯз дар олами сайёҳӣ мавқеи хосса дорад, обрӯ ва нуфузи бештаре пайдо мекунад. Банда ду сол пеш, ҳангоми боздид аз «Чашмаи Фотима ва Заҳро» ва қалъаи қадимаи «Ямчун»-и Бадахшони нозанин ва мулоқот бо чандин нафар сайёҳони хориҷӣ аз дурдастарин кишварҳои олам, ки мафтуни ин сарзамин гаштаву баъзеяшон бори дуюму сеюм ба ин ҷо омада буданд, дарк кардам, ки аз ояндаи  рушди сайёҳӣ дар сарзамини мо метавон умедвор буд, зеро табиат ва Худованд барои ин ҳама имкониятро додааст, хусусан, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар андешаи рушди сайёҳӣ будаву масъулини соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон пайваста  аз пайи ободониву созандагиҳоянд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

 АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд
Дар Донишгоҳи Акита лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик муаррифӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ноиби президенти Донишгоҳи Акита мулоқот намуд
“Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид