Пагоҳ бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 декабр бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон — «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба нишон расониданд. Дар бозии дигари нимфинал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирок дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо шарофати пирӯзии калон (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад. Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба бозӣ кардаанд. Соли 2010 дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба — 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд чор маротиба – 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон