Пагоҳ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мешавад

Декабрь 1, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардида, то 15 декабр идома меёбад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар суҳбат бо хабарнигор муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов зикр намуд, ки Китобхонаи миллӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун тадбирҳои муҳим анҷом додааст.

«Озмун аз рӯйи панҷ номина- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ,  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон,  эҷоди назму наср доир шуда, барои баргузории он 4 толори бузургу барҳаво омда карда шудаанд»,- гуфт Г. Маҳмудов.

Ба гуфтаи муовини директори Китобхонаи миллӣ, ҳар номина бо адабиёти зарурӣ таъмин мебошад ва иштирокчиёни озмунро роҳбаладони махсус  роҳнамоӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории озмун дар толорҳои алоҳида тавассути мониторҳои бузург  пурра ва мустақим намоиш дода мешавад.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт изҳор дошт, тибқи ҷадвали баргузории озмун, 2-5 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номинаҳои озмунӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамзамон озмун барои довталабони номинаи назму наср 11-12 декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза 13 декабр доир мегардад.

Тибқи иттилои  Эҳсони  Хушбахт, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталабон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд. Дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилот баргузор гардид, 305 495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23 045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.

Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба  солҳои якум ва дуюм се маротиба зиёд мебошад.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов изҳор дошт, ки «омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд».

PS: Аз ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хабарнигорони АМИТ «Ховар» тавассути сомонаи www.khovar.tj ва радиои «Ховар» хабару гузоришҳои фаврӣ пешниҳод месозанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд