ДАСТИ ДӮСТӢ. Тоҷикистон ва Узбекистон бо тадбирҳои муштарак яке аз солҳои камобтарини минтақаро ба осонӣ паси сар карданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 яке аз солҳои камобтарин дар минтақа ба шумор мерафт, аммо ба шарофати дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ин мушкилиҳо ба осонӣ паси сар гардида, кишоварзони мамлакат бо об таъмин шуданд. Дар ин бора 27 декабр дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири хоҷагии оби ин кишвар Шавкат Хамраев изҳори назар карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти истифодаи оқилонаи об сухан гуфтанд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қаблан ҷонибдори истифодаи ҳамаҷониба ва мутақобилан судманди захираҳо буданд. Ҳамчунин дар ин робита, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи минтақаи навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон намудани минтақаи баҳри Арал истиқбол кард.
Сафир ҳамчунин дар бораи робитаҳои дӯстонаи ду халқ бо Шавкат Хамраев, ки ҳамзамон Раиси Ҷамъияти дӯстии Узбекистон ва Тоҷикистон мебошад, суҳбат карда, дар арафаи Наврӯз баргузор кардани барномаи фарҳангиро муҳим шуморид.
АКС: ВКХ ҶТ








Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






