Роҳбари СҶТ Гебрейесус: Соли 2022 бояд анҷоми пандемияи COVID-19 гардад
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Аданом Гебрейесус дар мавриди он ки чӣ бояд кард, то пандемия дар соли 2022 мағлуб карда шавад, сухан гуфт. Ба иттилои АМИТ «Ховар», ӯ дар ин бора дар матлабаш дар рӯзномаи «Известия» навиштааст.
«Барои ин мебояд, ки ҳама кишварҳо якҷоя кор карда, то нимаи соли 2022 ба ҳадафи глобалӣ- эмгузаронии 70% аҳолии ҷаҳон даст ёбанд», менависад Гебрейесус.
Ба гуфтаи ӯ, барои мағлуб кардани коронавирус ваксинаи “миллатгароӣ» бояд аз байн бурда шавад- ин ҳолатест, ки кишварҳои сарватманд захираи аз ҳад зиёди ваксинаро аз худ мекунанд ва барои кишварҳои камбизоати Африқо чизе намегузоранд. Вай зикр кард, ки ин- шароити идеалиест барои ба вуҷуд омадани штаммҳои нав, чунон ки “омикрон” дар Африкаи Ҷанубӣ ба амал омад.
Раҳбари СҶТ гуфт, ки соли 2022 ҳама кишварҳо созишномаи глобалии мубориза бо пандемияро баррасӣ хоҳанд кард. Вай тавзеҳ дод, ки чунин созишнома барои таҳкими механизмҳои идоракунӣ ва маблағгузорӣ, инчунин системаҳо ва абзорҳое, ки ба ҷаҳон барои пешгирии эпидемияҳою пандемия, омодагӣ, ошкор ва вокуниш ба он лозиманд, зарур аст.
АКС: newsua.ru