Роҳбари СҶТ Гебрейесус: Соли 2022 бояд анҷоми пандемияи COVID-19 гардад

Декабрь 27, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Аданом Гебрейесус дар мавриди он ки  чӣ бояд кард, то пандемия дар соли 2022 мағлуб карда шавад, сухан гуфт. Ба иттилои АМИТ «Ховар», ӯ дар ин бора дар матлабаш дар рӯзномаи «Известия» навиштааст.

«Барои ин мебояд, ки ҳама кишварҳо якҷоя кор карда, то нимаи соли 2022 ба ҳадафи глобалӣ- эмгузаронии 70% аҳолии ҷаҳон даст ёбанд», менависад Гебрейесус.

Ба гуфтаи ӯ, барои мағлуб кардани коронавирус ваксинаи “миллатгароӣ» бояд аз байн бурда шавад- ин ҳолатест, ки  кишварҳои сарватманд захираи аз ҳад зиёди ваксинаро аз худ мекунанд ва барои кишварҳои камбизоати Африқо чизе намегузоранд. Вай зикр кард, ки ин- шароити идеалиест барои ба вуҷуд омадани штаммҳои нав, чунон ки  “омикрон” дар Африкаи Ҷанубӣ ба амал омад.

Раҳбари СҶТ гуфт, ки соли 2022 ҳама кишварҳо созишномаи глобалии мубориза бо пандемияро баррасӣ хоҳанд кард. Вай тавзеҳ дод, ки чунин созишнома барои таҳкими механизмҳои идоракунӣ ва маблағгузорӣ, инчунин системаҳо ва абзорҳое, ки ба ҷаҳон барои пешгирии эпидемияҳою пандемия, омодагӣ, ошкор ва вокуниш ба он лозиманд, зарур аст.

                                                                           АКС: newsua.ru

Декабрь 27, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд