Саъдулло Каримзода: «Таърихи жанри фалак аз асри X пештар шурӯъ шудааст, ҳатто аз он ҳам муқаддамтар»

Декабрь 16, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Таърихи жанри фалак аз асри X пештар шуруъ шудааст, ҳатто аз он ҳам муқаддамтар. Иддае аз муҳаққиқон ҳатто аз асрҳои IX — X мегӯянд. Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо медонанд. Яъне муаррихон мегӯянд, ки чун зану мардон дар даст асбоб доранду менавозанд, пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва ҳатто пештар аз он фалак мавҷуд будааст».

Ин матлабро  ноиби Ректори  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов оид ба таълим  Саъдулло КАРИМЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муносибати ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак», ки дирӯз, 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО (дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор шуд) сурат гирифт,  изҳор дошт.  

Саъдулло Каримзода гуфт, ки «агар мо ба истифодаи фалак дар репертуари композиторон ва эҷодиёти санъаткороне, ки ба эстрада сару кор доранд, таваҷҷуҳ кунем, пайванди онҳоро мебинем, яъне фалак-ҷаз, фалак ва мусиқии симфонӣ ва ғайра. Ин шаҳодати он аст, ки жанри фалак имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи касбияти баланд қарор дорад. Дар баробари олимону мутахассисони соҳаи мусиқии ватанӣ инчунин олимону мутахассисони хориҷӣ низ ба жанри фалаки мо таваҷҷуҳ доранд. Мақолаву китобҳо, симпозиумҳои байналмилалие, ки солҳои қаблӣ ва имрӯз гузаронида шуда истодаанд, инчунин иштироки олимони хориҷи мамлакат далели ин гуфтаҳост. Ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак» бори дигар асолати  ин жанри мусиқии  ватаниро нишон медиҳад».

«Дар замони шӯравӣ  умуман ба фалак таваҷҷуҳ намекарданд. Фалак дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сари нав эҳё гардида, рушд кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси он кас 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Саъдулло Каримзода  таъкид  намуд, ки дар даврони истиқлолият фалак на танҳо ба рӯи саҳна омад, балки ба низоми таълимӣ ворид гардид.

«Вақте жанре ба низоми таълимӣ ворид мегардад, албатта, паҳлуҳои он мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Сипас омӯхтаву омӯзонида мешавад. Бинобар ин дар ин давра ин қадар китобу дастурамал ва мақолаҳо нашр шуданду дар ҷумҳурӣ симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар Консерваторияи миллӣ факулетети мусиқии суннатии тоҷик фаъолият дорад, ки донишҷӯён дар он таҳсил карда истодаанд. Дар ин факултет ду самти мусиқӣ: шашмақому фалак таълим дода мешавад.  Алабатта ин ҳама дастовардҳо дар даврони истиқлолият ба амал омаданд»,-гуфт ӯ дар тақвияти гуфтаҳои боло.

Фалак жанрест, ки ҳам дар байни ҷавонон ва калонсолон, инчунин дар тамоми ҷашну маросими суннативу миллии мардуми мо истифода мешавад, яъне суруда мешавад,- мегӯяд ӯ ва илова кард, ки  ин жанре нест, ки танҳо дар як фаслу як моҳи хосса ё дар як ҷашн истифода шавад, балки дар ҳама гуна ҷашнвораҳо ҳунарманд метавонад тавассути қолабу оҳангҳои фалак ғазалхониву рубоихонӣ кунад.

Мавсуф шарҳ дод, ки  «дар суннати фалакхонӣ бештар аз ғазалу рубоӣ ва дубайтӣ истифода мешавад. Асарҳои силсилавии мо бештар ба ғазалхонӣ такя мекунанд. Он асарҳое, ки якқисма ҳастанд, ба мисли фалаки даштиву фалаки сафарӣ ё фалаки роғӣ, инҳо бештар ба рубоихонӣ такя мекунанд. Дар маҷмӯъ рубоиву ғазал ва дубайтӣ истифода карда мешаванд. Ақидаи бархе аз  олимон оид ба он ки дар фалакхонӣ бояд танҳо дубайтиву рубоӣ суруда шавад, билкул хато аст, чунки дар доираи бузурги фалакхонӣ ҳамаи он силсилаҳои наве, ки иҷро шудаву то ба имрӯз омада расидаанд, дар заминаи ғазал ба вуҷуд омадаанд».

«Тибқи пажӯҳиши олимону мусиқишиносон, маркази бузурги фалакхонӣ минтақаи Кӯлобу Бадахшон аст. Дар ин маконҳо ду самт ё ду сабки аслии фалакхонӣ дида мешавад. Яъне инҳо ду ҳавзаҳои бузурге ҳастанд, ки дар ин ҷо мактабҳои бузурги фалакхонӣ таърихан вуҷуд доштаанд. Бинобар ин вақте  мо ба таҳлили оҳангҳо назар мекунем, системаи лаҳнии онҳо як аст. Системаи лаҳнӣ бо номи «чормақом» маъруф аст, аммо иҷро, шева, сабки хониш каме фарқкунанда аст», -афзуд номбурда.

Саъдулло Каримзода  ёдовар шуд, ки барои рушди минбаъдаи жанри фалак нахуст бештар таҳқиқоти густурда бояд анҷом диҳем, шаклҳои нави дигари фалакро пайдо кунем. Инчунин дар равияҳои мушаххаси фалакҳои аслӣ бояд асар эҷод карда, овозҳои нодирро пайдо кунем. «Агар мо эҷод карданро ба донишҷӯён бештар талқин кунем ва натиҷаи кори худро ба мардум расонем, ин муваффақияти мо дар ҷодаи ҳам фалакхонӣ ва ҳам фалакнавозӣ мебошад. Аз ин рӯ мутахассисони моро мебояд, пеш аз ҳама, он намунаҳоеро, ки тӯли асрҳо ба мо расидаанд, мавриди омӯзиш қарор диҳанд», -гуфт дар фарҷоми суҳбат ноиби ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  Саъдулло Каримзода.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои озод

Декабрь 16, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин